Бо фармони президент тағйироти навбатии кадрӣ сурат гирифт

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Прокуратураи генералӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Низом Мирзозода бо қарори ҳукумати ҶТ аз вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ озод ва ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Бо фармонҳои президент Сӯҳроб Олимзода аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон озод гардида, Назирмад Ализода ба ин вазифа таъин шуд. Сафири Тоҷикистон дар Австрия Қаландар Идибек ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Норвегия ва сафири Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Финландия таъин карда шуданд.

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ Ардашер Каримзода муовини директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ Абдусамад Ҳикматзодаро иваз кард, ки ба нафақа рафт.

Баҳром Саидзода муовини якуми Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин шуд. Собиқ раиси ин корхона Марҳабо Нуралӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод карда шуд.

Фатҳиддин Усмонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон озод карда шуд.

Ҳамчунин раисони ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе, Қубодиёни вилояти Хатлон, Шуғнони ВМКБ ва Мастчоҳи вилояти Суғд бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳояшон озод гардида, ба ҷойи онҳо ҷавонон таъин шуданд.

Раисони ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, Шуғнони ВМКБ Азиз Ғиёсзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳояшон озод шуданд.

Тоҳир Азиззода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ, Ҷумъа Ҷумъазода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон ва Фатҳиддин Усмонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ таъин карда шуданд.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ дар шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъин шуданд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат бо мутахассисони соҳа Сарвари давлат фаъолияти масъулини ҳар як сохтору мақомоти давлатиро бо мисолҳои мушаххасу таҳлилҳои амиқ баҳогузорӣ карда, дар назди кадрҳои таъиншуда ҷиҳати рафъи мушкилоту ҳалли масъалаҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар вохӯрӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, таъмини волоияти қонун, хизмати поквиҷдононаю содиқона ба халқу кишвари худ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар ҳамин ҳол, тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ба “Азия-Плюс” хабар доданд, номзадии собиқ раиси ин ноҳия Зафар Файзуллозода ба вакилии парлумон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Қубодиён-31 дар конфронси якҷояи Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён дастгирӣ ёфтааст.

Бадриддин Садриддинзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...