Даргузашти охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Хуҷанд

Asia-Plus

Охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз шаҳри Хуҷанд, собиқадори ҷангу меҳнат Рабига Малинина дар синни 94-солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, субҳи имрӯз раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Рабига Малинина 3-юми январи 1926 дар шаҳри Новосибирск таваллуд шуда, дар синни 16-солагӣ, яъне соли 1942 бо хоҳиши худ ба майдони ҷанг меравад. Аввал ҳамчун ёрдамчии ронандаи фронти якуми Украина хизматро оғоз карда, сипас ба сифати ҳамшираи шафқат дар табобатгоҳи ҳарбӣ хизмати Ватанро идома мебахшад. Дар солҳои ҷанг хизматҳояш бо ордени ҶБВ дараҷаи дуюм сарфароз гардонида мешавад.

Ӯ баъд аз ҷанг ҳамроҳи шавҳараш ба Хуҷанд меояд. Нахуст ба комбинати абрешими шаҳр ба сифати анборчӣ кор мекунад. Сипас ба яке аз қисмҳои ҳарбӣ ба кор даромада, то нафақа дар он фаъолият мекунад.

Зикр мешавад, ки дар солҳои ҶБВ аз шаҳри Хуҷанд 12 ҳазор нафар иштирок карда, аз онҳо 1540 нафарашон беному нишон гаштаанд. Аз шаҳри Хуҷанд 2 нафар Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва 2 нафар дорандаи ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...