Нилуфар Раҷабова: Ноадолатӣ маро водошт, ки ба Озода Раҳмон нависам

Asia-Plus

Нилуфар Раҷабова – зане, ки 14-уми декабри соли гузашта барои пӯшидани ҳиҷоб боздошт гардида буд ва бо иттиҳоми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) 550 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд, ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Озода Раҳмон номаи кушод навишта, аз ӯ хоҳиш кардааст, барои ҳалли мушкилоташ мусоидат намояд.

Нусхаи ин мактубро Нилуфар Раҷабова ба “Азия-Плюс” ирсол карда, зимни суҳбат гуфт, ки ноадолатӣ ва хомӯшии шахсони дахлдор водораш кардааст, ба Озода Раҳмон мактуб навишта, онро расонаӣ бикунад.

“Дигар чорае надоштам ва намедонистам, ба кӣ муроҷиат намоям. Ба ҳар мақомоте, ки шикоят карда будам, хомӯшанд ва ба қазияи ман ҷиддан кор намегиранд. Аз боздошти ман дар ШВКД-и ноҳияи Сино як моҳ сипарӣ шуд, аммо то ҳол телефони маро барнагардонданд. Ҳама хомӯширо интихоб карданд. Барои ноадолатиҳо нисбат ба ман, яъне ҷаримабандӣ шуданам адвокат гирифтам ва бо мусоидати ӯ ба Суди касатсионӣ ариза навиштам. Ду ҳафта гузашт, аммо боз ҳам хомӯшӣ. Илоҷи дигар надорам ва умедворам, ки Озода Раҳмон мактуби маро мехонад”, – афзуд ӯ.

Нилуфар Раҷабова дар ин номаи кушод худро “як модари ҷафокашида ва озордида” меномад ва ба Озода Раҳмон на ба ҳайси роҳбари дастгоҳ, балки ҳамчун як зан ва модар муроҷиат мекунад.

Ӯ дар номаи кушоди худ аз ҷумла навиштааст: “Хоҳиш дорам, ки қазияи маро зери назари худ гиред, то мо ду модар исбот карда тавонем, ки модарон бузурганд ва намегузоранд, ки аз ин пас дар Тоҷикистон ҳуқуқи тифле ё зане … поймол шавад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...