Пешбарии номзадии раиси ноҳияи Қубодиён ба вакилии парлумон

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Зафар Файзуллозода аз Ҳизби халқии демократии Точикистон ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ба “Азия-Плюс” хабар доданд, номзадии Зафар Файзуллозода аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Қубодиён-31 дар конфронси якҷояи Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён дастгирӣ ёфтааст.

Номбурда аз моҳи декабри соли 2016 инҷониб дар вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён фаъолият дошта, аз моҳи апрели соли 2017 узви Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Зафар Файзуллозода то раиси ноҳияи Қубодиён таъйин шуданаш, мушовири раиси вилояти Хатлон буд.

Вай имрӯз бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Бадриддин Садриддинзода таъйин гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...