Мегафон Тоҷикистон аввалин шуда гузаришро ба eSIM-кортҳо пешниҳод кард

Иттилоияи расмӣ

Дар муқоиса бо сим-кортҳои маъмулӣ,  онҳо  шакли модули ба дастгоҳи муштарӣ насбшударо доранд ва насби «механикӣ»-ро талаб наменамоянд.   eSIM-ро  ба сифати корти иловагӣ  дар смартфонҳо ва планшетҳо, инчунин барои пайвасткунӣ ба шабакаи мобилии гаҷетҳое, ки слот барои  SIM-корт надоранд, масалан соатҳои доно, истифода бурдан мумкин аст.   

Барои истифодаи eSIM дастгоҳе лозим аст, ки дар он технологияи мазкур дастрас бошад.    Кортҳои намуди нав  бо истифодаи рамзи QR, ки аз тарафи муштарӣ ҳангоми ташрифоварӣ ба идораи хизматрасонии  ширкати «МегаФон Тоҷикистон» сканер карда мешавад, пайваст мегарданд.  

Агар муштарӣ корти пештараашро ба электронӣ иваз намояд,  он гоҳ  SIM корти пешина аз фаъолият бозмемонад.    Барои eSIM  маҳдудиятҳои барои сим-корти маъмулӣ пешбинишуда  эътибор доранд, яъне як муштарӣ  на зиёда аз ду рақамро  ба номи худ  ба расмият дароварда метавонад.

Барои пайвасткунии eSIM бо худ доштани паспорти амалкунанда (ID-корт)-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва худи дастгоҳи мобилӣ лозим аст.    Минбаъд eSIM маҳз ба ҳамин гаҷет вобаста карда шуда, ба дигар  смартфон ё дастгоҳ гузаронида намешавад.   Яъне, тартиби такрории пайвасткунӣ лозим меояд.  Арзиши хизматрасонӣ – 30 сомонӣ.

«Дар баробари пайдоиши гаҷетҳои дорои модули eSIM, воқеан ҳам ҷараёни гузариш аз сим-кортҳои оддӣ ба сим-кортҳои электронӣ оғоз гардид. Мо  кӯшиш кардем, ки аввалин шуда, ба муштариён чунин имкониятро пешниҳод намоем.     eSIM аз ҳамон ҷиҳат қулай аст, ки аз ягон зарари механикӣ намешиканад ва онро дар ашёҳое, ки барои онҳо сим-кортҳои муқаррарӣ пешбинӣ нашудаанд, масалан дар соатҳои доно, фитнес-дастпонаҳо ва дастгоҳҳои дигар, насб кардан мумкин аст», – шарҳ медиҳад директори тиҷоратии ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед Бобоалиев.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.