Президенти Қирғизистон сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Дата:

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода эътимодномаи худро ба президенти ин кишвар Сооронбай Жээнбеков супорид.

Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ ҶТ хабар додааст, ки сафири Тоҷикистон ба Сооронбай Жээнбеков дуруду паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Гуфта мешавад, президенти Қирғизистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба сафири Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ муваффақият таманно кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, бо сафири Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳадоти муштараки ду кишвар баррасӣ шуда, муҳим будани суръат бахшидан ба ин раванд бо назардошти манфиати ҷонибҳо таъкид шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15-уми феврал дар Бишкек баргузории марҳилаи навбатии гуфтушуниди ҳукуматҳои ду кишвар оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатӣ пешбинӣ гардида буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, алҳол баргузор шудан ё нашудани ин гуфтушунид маълум нест.

Ба гуфтаи манбаъ, бо сабаби иваз шудани муовини сарвазири Қирғизистон, ки ба ҳалли масоили сарҳад бо Тоҷикистон масъул буд, ба гумони ғолиб, гуфтушунид мавқуф гузошта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное