Манъи истифодаи пасвандҳои славянӣ дар ному насаб

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз, 29-уми апрел тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” қабул кард. Мувофиқи ин тағйирот, зимни сабти ному насаби тифлҳо ба истифодаи пасвандҳои славянии «ов», «ова», «ев», «ева» ба насаб (фамилия) ва «ович», «овна», «евич» ва «евна» ба номи хонаводагӣ иҷоза дода намешавад. Зимни суханронӣ назди вакилон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз, 29-уми апрел тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” қабул кард.

Мувофиқи ин тағйирот, зимни сабти ному насаби тифлҳо ба истифодаи пасвандҳои славянии «ов», «ова», «ев», «ева» ба насаб (фамилия) ва «ович», «овна», «евич» ва «евна» ба номи хонаводагӣ иҷоза дода намешавад.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин амсъала вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён қайд кард, ки намояндагони ақаллиятҳои миллии муқими кишвар истисно буда, зимни сабти ному насаби тифлҳо метавонанд худашон пасванд ба ному насаби кӯдакро интихоб кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, тағйироту илова танҳо ба кӯдаконе дахл хоҳад дошт, ки пас аз қабули онҳо таваллуд мешаванд.

Бо ин тағйироту иловаҳо дар қатори пасвандҳои «ӣ», «зод», «зода», «он», «ён», «ёр», «ниё» ва «фар», ба истифодаи пасвандҳои “пур” (барои мардон) ва “духт” (барои занон) ҳам иҷоза дода мешавад.

Мақсади аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудани ин тағйироту иловаҳоро вазир “эҳёи номҳои миллӣ” маънидод кард.

Қобили зикр аст, ки қаблан ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода буданд, зимни сабти ному насаби кӯдак аз истифодаи пасвандҳои славянӣ худдорӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.