Номнависии тоҷикистониён барои бозгашт аз Русия муваққатан қатъ шуд

Date:

Сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия барӯйхатгирии шаҳрвандонро барои бозгашт ба ватан муваққатан боздоштанд.

Сафорат дар саҳифаи расмии фейсбукии худ навиштааст: “Бинобар теъдоди ниҳоят зиёди хоҳишмандон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, ки аз шумораи парвозҳои чартерии дар моҳи июл ба нақша гирифташуда якчанд маротиба зиёд мебошад, эҳтиромона ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки барӯйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар бинои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия муваққатан қатъ карда мешавад”.

Бино ба иттилои сафорат, дар муддати барӯйхатгирӣ теъдоди муроҷиаткунандагони номнависшуда дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Екатеринбург ҳазорҳо нафарро ташкил дод, ки аз ин ҳисоб пеш аз ҳама беморону маъюбон, занон бо кӯдакон, пиронсолон ва донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар қаламрави Русия дармондаанд, пас аз санҷиши Комиссияи махсус барои бозгашт ба Тоҷикистон ба рӯйхат гирифта мешаванд.

Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия ба шахсоне, ки тибқи рӯйхат ба Тоҷикистон бармегарданд, ҷиҳати харидории билетҳо аз кассаҳои намояндагии ширкатҳои “Тоҷик-Эйр” ва “Сомон-Эйр” телефонӣ хабар медиҳанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид кардааст, ки бо назардошти эҳтимоли ташкили парвозҳои чартерии минбаъда қабули аризаҳо барои бозгашт ба ватан тавассути адреси электронии [email protected] идома дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...