Қитъаи аз ҳама бештар аз коронавирус фавтидагон дар ҷаҳон номбар шуд

Asia-Plus

Аз рӯйи шумори бештари фавтидагон аз сирояти коронавирус дар саросари дунё қитъаи Амрикои Лотинӣ аз Аврупо пеш гузашт.

Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, айни замон дар ин минтақа зиёда аз 206 ҳазор ҳолатҳои фавт аз сироят ба қайд гирифта шудааст, ки тақрибан 30% аз шумори умумии фавтидагонро аз Covid-19 дар ҷаҳон ташкил медиҳад.

Дар Бразилия, ки дар ин қитъа бештар аз дигар кишварҳо аз вирус осеб дид, то рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар умум 95 ҳазору 819 ҳолати фавт сабт шудааст.

Дар Мексика, ки аз рӯйи шумори осебдидагон  баъди Бразилия қарор дорад, 48 ҳазору 869 кас аз коронавирус фавтиданд.

Ҳамчунин паҳншавии коронавирус дар чанде аз кишварҳои ин минтақа – Колумбия, Перу, Аргентина ва Боливия суръат гирифт.

Гуфта мешавад, пас аз сабуксозии тадбирҳои карантин баҳри мусоидат ба рушди иқтисод аз ҷониби ҳукуматдорони кишварҳо, шумори сироятёфтагон афзуд.

Дар ҳамин ҳол, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар ҷаҳон аз ҳадди 700 ҳазор нафар зиёд шуд.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, аз сирояти Covid-19 дар саросари ҷаҳон 700 ҳазору 647 нафар фавтиданд.

Теъдоди шифоёфтагон 11 млн 83 ҳазору 12 касро ташкил дода, шумори умумии ҳолатҳои ошкоршудаи сироятёбӣ ба 18 млн 480 нафар ҳазор расид.

Панҷона (Топ 5)-и кишварҳои аз ҳама бештар сироятёфта

– ИМА — 4,7 млн

– Бразилия — 2,8 млн

– Ҳиндустон — 1,9 млн

– Россия — 859 ҳазору 762

– Африқои Ҷанубӣ — 521 ҳазору  318.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.