Ҳамсояҷанг дар Душанбе ба ҳабсу ҷаримаи ҷонибҳо анҷомид

Date:

Сокини кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе Далер Каримзодаи 20-сола доимо бо ҳамсояҳои худ мноқишаи лафзӣ карда, онҳоро таҳқир ва шаъну эътиборашонро паст мезад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, чанд рӯз қабл дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқиша ва суханони қабеҳу гушношуниди як нафар ҷавонзан ва муноқишаи ӯ бо як нафар ҷавонписар инъикос ёфтаааст.

“Чанде пеш Далер Каримзода Карим бори навбатӣ бо ҳамсоягони худ муноқиша намуда, нисбаташон суханони қабеҳ мегӯяд, ки дар натиҷа  ҳамсояҳои ӯ – духтару модар ба сари ӯ омада мардро мавриди таҳқиру дашном қарор додаанд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

МЕДИА (YOUTUBE)

Гуфта мешавад, Далер Каримзода барои майдаавбошӣ ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, “ҳарифон”-и ӯ – модару духтар мутаносибан ба маблағи 580 ва 456 сомонӣ ҷарима шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...