Имкони ба Русия рафтани донишҷӯёни хориҷии соли аввали таҳсил

Asia-Plus

Вазири маориф ва илми Русия Валерий Фалков дар ҷаласаи раёсати фраксияи “Единая Россия” дар Думаи давлатӣ изҳор дошт, ки донишҷӯёни хориҷие, ки имсол ба курси якуми мактабҳои олии Русия дохил шудаанд, моҳи сентябр метавонанд ба қаламрави Русия ворид шаванд, аммо ин ҷо танҳо сари донишҷӯёни кишварҳои сарҳадашон кушода дар моҳи сентябр сухан меравад.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, ба туфайли тартиботи аз ҷониби мақомоти марбута муқарраршуда, ки тасдиқи он ҳамин ҳафта дар назар аст, ҳудуди 25 ҳазор донишҷӯёни соли аввали таҳсил ба Русия омада метавонанд.

Фалков гуфтааст, ба донишҷӯёни курсҳои болоӣ каме дертар иҷозаи вуруд ба қаламрави Русия дода мешавад. Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кардааст, ки мушкили дигар ҳам вуҷуд дорад: донишҷӯёне, ки таҳсилро ба охир расонидаанд, аз қаламрави Русия баромада наметавонанд.

Қобили зикр аст, ки боз шудани сарҳадҳоро беш аз 4 ҳазор донишҷӯёни мактабҳои олии Русия – шаҳрвандони Тоҷикистон интизорӣ доранд, ки 1 ҳазор нафари он ҳамин сол ба курси аввал дохил шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сафорати Русия дар Тоҷикистон, аз 21 август то 13 сентябр аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия 36 хатсайри чартерӣ анҷом дода шудааст.

Бо ин парвозҳо 5432 мусофир, аз ҷумла 177 нафар кӯдакон ба нуқтаи таъинот расонида шудаанд. Аз ин шумор 3816 нафар мусофирон шаҳрвандони Русия, 1615 нафар – шаҳрвандони Тоҷикистон ва 1 нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд, ки барои вуруд ба қаламрави Русия асос доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд

Наврӯз ҷашни суннатии эрониён аст, аммо имрӯз дар Тоҷикистон, ва баъзе манотиқи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз анъанаҳои замоне маъмули он, аз ҷумла хонатаконӣ, пухтани суманак,...

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.