Ду меҳмони пойтахт мастиву занозанӣ ва кордкашӣ карданд

Дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт рӯзи 14 сентябр мунеоқишаву занозанӣ бо истифода аз корд рух дод, ки навори видеои он аз ҷониби шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, кормандони милитсия фавран ба ин ҳодиса расидагӣ карда, сокини 37-солаи шаҳри Ваҳдат Муродҷон Барлосов ва сокини 44-солаи […]

Дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт рӯзи 14 сентябр мунеоқишаву занозанӣ бо истифода аз корд рух дод, ки навори видеои он аз ҷониби шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, кормандони милитсия фавран ба ин ҳодиса расидагӣ карда, сокини 37-солаи шаҳри Ваҳдат Муродҷон Барлосов ва сокини 44-солаи ноҳияи Фархор Шерхони Эмомалиро дар ҳолати мастии беҳад зиёд боздошт намуданд.

“Онҳо дар кӯча ҷанҷолу занозанӣ карда, якдигарро лату кӯб кардаанд”, – омадааст дар хабар. – Ҳангоми занозанӣ Барлосов ба воситаи олоти халандаю бурранда як чанд маротиба ба қисматҳои ҳаётан муҳими Шерхони Эмомалӣ зарба задааст”.

Гуфта мешавад, Шерхони Эмомалӣ бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуда, Муродҷон Барлосов, ки бо сабаби мастии беҳад зиёд худро идора карда наметавонист, ба ҳушёрхона фиристода шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷиҳати оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ва муайян намудани сабабу омилҳои сар задании ҷинояти мазкур тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.