Чаро дар Тоҷикистон гази моеъ қимат шуд?

Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон давоми се моҳи тобистон қариб 90% боло рафт. Беш аз 60% моликони автомашинаҳо дар Тоҷикистон аз ин навъи сӯзишворӣ истифода бурда, ҳанӯз охири моҳи май дар нуқтаҳои сӯзишворӣ он бо нархи 2,50 сомонӣ (барои 1 литр) фурӯхта мешуд. Имрӯз 1 литри он аллакай 4,70 сомонӣ арзиш дорад. […]

Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон давоми се моҳи тобистон қариб 90% боло рафт.

Беш аз 60% моликони автомашинаҳо дар Тоҷикистон аз ин навъи сӯзишворӣ истифода бурда, ҳанӯз охири моҳи май дар нуқтаҳои сӯзишворӣ он бо нархи 2,50 сомонӣ (барои 1 литр) фурӯхта мешуд. Имрӯз 1 литри он аллакай 4,70 сомонӣ арзиш дорад.

Таҳвилгарони ин навъи сӯзишворӣ гароншавии онро ба болоравии нархи яклухти он марбут медонанд. гази моеъ ба ҷумҳурӣ асосан аз Қазоқистон (ҳудуди 93% аз ҳаҷми умумӣ), инчунин аз Ӯзбекистон (наздики 6%) ва Русия (тақрибан 1%) оварда мешавад. Дар ширкатҳо қайд мекунанд, ки дар мавсими ҳосилғундорӣ талабот ба гази моеъ кишварҳои содиркунанда чандин маротиба меафзояд ва мутаносибан, нархи содиротӣ ба он низ боло меравад.

Лекин тасдиқи гуфтаҳои ширкатҳои воридкунандаи гази моеъро дар бораи гароншавии нархи яклухти он дар Қазоқистон мо на дар сомонаҳои сохторҳои дахлдор ва на дар ВАО-и ин кишвар ёфта натавонистем.

Хайру эҳсон аз ҳисоби ронандагони автомобилҳо

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон моҳи июли соли равон ба санҷиши ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон пардохт. Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ 15 ширкат машғуланд, ки ҳиссаи нисбатан баландтар ба “Алат” (18%), “Темур Ойл” (11%), “Ғайрат” (10%) ва “Октан сервис” (10%) рост меояд.

Қобили зикр аст, ки бинобар мавҷуд набудани субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори гази моеъ мавқеи ҳукмфармо дошта бошанд, Хадамоти зиддинҳисорӣ ба дахолат дар ҷараёни нархгузории газ ҳуқуқ надорад.

Мувофиқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, субъекти хоҷагидоре, ки ҳиссаи он дар ин ё он бозор на камтар аз 35%-ро ташкил медиҳад ё се ширкате, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 50% ва ё панҷ субъекте, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 70%-ро ташкил медиҳад, субъекти ҳукмфармо шуморида мешаванд.

Аммо ҳукумати Тоҷикистон соли 2018 қарори махсусе қабул намуд, ки мувофиқи он Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷиҳати танзими нархҳо ба маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим, ки дар ин номгӯй гази табиӣ низ зикр шудааст, имкон пайдо кард.

Дар натиҷаи санҷиши фаъолияти 10 ширкат, ки ба таҳвил ва фурӯши чаканаи гази табиӣ машғуланд, кормандони Хадамот ҳолатҳои беасос боло бурдани нарх ба ин навъи сӯзишвориро ошкор карданд.

“Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки чанде аз ширкатҳо ҳатто маблағҳои ба хайрия, сарпарастии дастаҳои футбол, инчунин аъзоҳаққӣ ба Иттиҳодияи таҳвилгарони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъи кишвар равонакардаашонро дар хароҷоти худ нишон додаанд, ки ба қонунгузории кишвар мутобиқ нест”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Хадамот.

Ба ин тариқ, қонуншиканон ба маблағи умумии 1,1 млн сомонӣ ҷарима шуданд, ки аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона шуд.

“Ба туфайли ин кор арзиши гази моеъ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз 4,7 сомонӣ (барои 1 литр) дар аввали моҳи август то ба 4,3 сомонӣ ба ҳолати 7 сентябр поин рафт”, – қайд карданд дар Хадамот.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон дар 5-то боқимонда ширкати таҳвилгару фурӯши ин навъи сӯзишворӣ санҷиш гузаронида шуда истодааст.

Камбуд намешавад

Ҳафтаи гузашта ВАО дар бораи аз ҷониби ширкати қазоқистонии «CNPC-Актобемунайгаз» ва яке аз корхонаи «Узбекнефтегаз» қатъ шудани интиқоли гази моеъ ба Тоҷикистон хабар доданд.

Зикр шуда буд, ки ширкати Қазоқистон бинобар сабаби корҳои таъмир дар он газ интиқол надода, корхонаи Ӯзбекистон дар робита ба камбуди гази моеъ дар худи бозори Ӯзбекистон таҳвили ин навъи сӯзивориро то охири сол қатъ намуд.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ ин маълумотро тасдиқ намуда, дар ҳамин ҳол, изҳор доштанд, ки бо ин сабаб дар бозори гази моеъи Тоҷикистон ҳеҷ мушкиле пеш нахоҳад омад, зеро ҳаҷми зарури ин навъи сӯзишворӣ аз дигар корхонаҳои давлатҳои хориҷӣ низ оварда мешаванд.

Зикр шуд, ки давоми моҳҳои январ-июли соли равон ба Тоҷикистон 264,2 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Ҳолати маъмулӣ

Як мутахассиси ин соҳа ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки болоравии нархи газ дар тобистон ҳолати маъмулӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра дар Қазоқистон мавсими ҳосилғундорӣ оғоз мегардад ва дар робита ба ин, истеъмоли сӯзишворӣ меафзояд ва аз ин рӯ, камбуди сӯзишворӣ ба болоравии арзиши он боис мегардад.

Ғайр аз ин, қайд кард ӯ, тобистон корхонаҳои коркарди газ барои корҳои таъмиру навсозии таҷҳизот фаъолияти худро боздошта, содироти сӯзишвориро қатъ мекунанд.

Дар Тоҷикистон аз гази моеъ асосан ронандагони автомашинаҳои сабукрави шахсӣ истифода мекунанд. Ҳамаи мошинҳои боркаш ва қариб тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ аз сӯзишвории дизелӣ (солярка) ё бензин истифода мебаранд.

Як ронандаи мошини сабукрав, ки ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунад, ба “Азия-Плюс” чунин изҳори назар кард, ки дар сурати пайдо шудани норасоӣ ё болоравии минбаъдаи нархи газ, ӯ маҷбур хоҳад шуд, ки ба истифодаи бензин гузарад.

“Ҳарчанд дар мо бензин аз газ каме гаронтар бошад ҳам, он сӯзишвории бештар хушсифат мебошад. Аз лиҳози техникӣ ин гузариш ҳеҷ мушкилие надорад, зеро аксари автомашинаҳои мо таҷҳизоти насбшуда аз корхона барои истифодаи бензин ё сӯзишвории дизелӣ доранд”, – илова кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.