Дар ноҳияи Рӯдакӣ писарчаи 2-сола зери чархи мошини бобояш монд

Писарчаи 2-сола, сокини ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ зери чархи мошини боркаши мутаалиқ ба бобояш монда, ҳалок шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи боркаш сокини 60-солаи маҳаллӣ дар дохили хонаи истиқоматиаш ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан набераи 2-солаашро пахш кардааст. Гуфта мешавад, дар натиҷа, хурдсол Қулматзода Ю.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар […]

Писарчаи 2-сола, сокини ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ зери чархи мошини боркаши мутаалиқ ба бобояш монда, ҳалок шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи боркаш сокини 60-солаи маҳаллӣ дар дохили хонаи истиқоматиаш ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан набераи 2-солаашро пахш кардааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, хурдсол Қулматзода Ю.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, тайи 6 моҳи соли ҷорӣ бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 151 нафар ҳалок ва 516 кас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.