МТС ҶТ: Ҳамгироии кишварҳои ОМ бештар ба ҳалли масоили обу энергетика вобаста аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ҷиҳати баромадан ба сатҳи комилан нави боэътимоди муносибатҳо оид ба масъалаи обу энергетика даст ёфтанд. Дар ин бора зимни конфронси дурӯзаи "Саҳми сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, неку ҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон" муовини раиси Маркази тадқиоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода изҳори назар кард.

Ӯ қайд кард, ки истифодаи имконоти бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ба таъмини кишварҳои минтақа бо ҳиссаи зиёди энергетикаи аз лиҳози экологӣ тоза имкон медиҳад.

Муҳаммадзода бар ин назар аст, ки дурнамои рушди ҳамгироии минатқавӣ ва таъмини амният дар минтақа бештар ба ҳалли минбаъдаи масоили обу энергетика вобаста хоҳад буд.

“Ҳалли маҷмӯавии вазифаҳои гузошташуда ба истифодаи оқилона ва пурсамари имконоти обиву энергеткӣ мусоидат намуда, рушди устувори истифодаи фаромарзии обро таъмин мекунад, ки ин яке аз самтҳои муҳимтарини рушди иқтисоди кишварҳои минтақа мебошад”, – гуфт ӯ.

Муҳаммадзода илова кард, ки истифодаи муштараки захираҳои бузург ва нодири минтақа, рушди муштарак татбиқи манфиатҳои кишварҳои минтақаро дар соҳаи сиёсату иқтисод ва ва фарҳангу амният кафолат дода метавонад.

Қобили зикр аст, ки байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар масоили обу энергетика баъзе нофаҳмиҳо вуҷуд дорад.

Кишварҳои поёноби дарёҳои фаромарзӣ норасоии захираҳои обии худро доранд. Ба Туркманистон аз хориҷ беш аз 95%, Ӯзбекистон – 77% ва Қазоқистон – беш аз 40% об ворид мешавад.

Беш аз 60%-и захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегирад. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 64 млрд метри мукааб об ташаккул меёбад. Ҷумҳурӣ аз ин ҳаҷм дар амал ҳамагӣ то 17%-ашро истифода мекунад.

Тибқи маълумоти ахир, захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ (Амӯдарё ва Сирдарё) байни кишварҳои минтақа тариқи зайл тақсим шудаанд:

– маҷрои Сирдарё: Ӯзбекистон – 50,5%, Қазоқистон – 42%, Тоҷикистон – 7% ва Қирғизистон – 0,5%;

– маҷрои Амӯдарё: Ӯзбекистон – 42,2%, Туркманистон – 42,3%, Тоҷикистон – 15,2% ва Қирғизистон – 0,3%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.