Эҳтимоли барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни Русия ва пойтахтҳои кишварҳои ИДМ

Маскав дар давоми як моҳ алоқаи ҳавоиро бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барқарор карда метавонад, хабар додааст рӯзи сешанбе ба “Интерфакс” як манбаи огаҳ. “Дар навбати аввал механизмҳои барқарор кардани парвозҳо ба пойтахти кишварҳои ИДМ баррасӣ мешаванд. Ин ҷо сари Нур-Султон, Тошканд, Боку, Ереван ва дигар шаҳрҳо сухан меравад”, – гуфтааст манбаъ. Ба гуфтаи ӯ, […]

Asia-Plus

Маскав дар давоми як моҳ алоқаи ҳавоиро бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барқарор карда метавонад, хабар додааст рӯзи сешанбе ба “Интерфакс” як манбаи огаҳ.

“Дар навбати аввал механизмҳои барқарор кардани парвозҳо ба пойтахти кишварҳои ИДМ баррасӣ мешаванд. Ин ҷо сари Нур-Султон, Тошканд, Боку, Ереван ва дигар шаҳрҳо сухан меравад”, – гуфтааст манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, нахуст алоқаи ҳавоӣ бо пойтахти Беларус – шаҳри Минск барқарор шуда метавонад.

“Алҳол ин масъала бо иштироки мақомоти авиатсионӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дорад. Санаи барқарор кардани парвозҳо алҳол муайян карда нашудааст”, – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Барқарор шудани парвозҳоро байни Русия ва Тоҷикистон бештар аз ҳама донишҷӯён интизорӣ доранд, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд. Тибқи маълумоти ВКХ кишвар, шумори онҳо беш аз 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 1 ҳазор нафарашон ҳамин сол дохил шудаанд.

Аз 21 август то 13 сентябр тариқи парвозҳои чартерӣ 5432 нафар мусофирон аз Тоҷикистон ба Русия рафтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.