Оғози корзори таблиғоти президентшавҳо: кӣ чӣ қадар масраф мекунад?

Масъулони Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯянд, 17 сентябр корзор ё компайни таблиғотии номзадҳои интихоботи президенти Тоҷикистон оғоз мешаванд. Ин Комиссия мегӯяд ҳоло мушаххас нашудааст, ки корзорҳо гуруҳӣ ё ҷудогона баргузор мешаванд, вале ба гуфтаи дафтари матбуоти ин ниҳод ҳеч монеае барои ҷудогона ё гуруҳӣ баргузор кардани корзорҳо нест. Соли 2013 корзори таблиғотии номзадҳо дар интихоботи […]

Масъулони Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯянд, 17 сентябр корзор ё компайни таблиғотии номзадҳои интихоботи президенти Тоҷикистон оғоз мешаванд. Ин Комиссия мегӯяд ҳоло мушаххас нашудааст, ки корзорҳо гуруҳӣ ё ҷудогона баргузор мешаванд, вале ба гуфтаи дафтари матбуоти ин ниҳод ҳеч монеае барои ҷудогона ё гуруҳӣ баргузор кардани корзорҳо нест.

Соли 2013 корзори таблиғотии номзадҳо дар интихоботи президенти Тоҷикистон ба шакли гуруҳӣ баргузор шуда буд, аммо КМИР мегӯяд, ки агар имсол номзадҳо ва ситоди интихоботияшон хоҳиши ҷудогона баргузор кардани маъракаи таблиғотии худро дошта бошад, аз сӯйи ин Комиссия мушкиле нест.

Абдуҳалим Ғаффоров номзади Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар интихоботи 11-уми октябр ба мақоми президентӣ мегӯяд, ки корзорашро аз 17-уми сентябр шуруъ мекунад. Ин муддаии курси рақами 1 мегӯяд, ки агар КМИР пешниҳод кунад, ки таблиғот якҷоя гузаронида шавад якҷо мегузаронем, агар гӯянд ҷудогона, ҷудо. Ғаффоров дар суҳбат бо «Азия плюс» гуфт, ки барои «таблиғот маблағи зиёд лозим мешавад, барои роҳпулӣ, хӯрок ва дигар корҳо тақрибан ҳар рӯз 500-600 сомонӣ лозим аст», вале ин номзад аз гуфтани ҳаҷми умумии маблағе, ки ситодаш масраф мекунад худдорӣ кард.

Ҳизби халқи демкоратии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон номзади ин ҳизб аст, мегӯяд корзори интихоботияшро ҷудогона баргузор мекунад. Маҳмадулло Наимов масъули дафтари матбуоти ин ҳизб мегӯяд, «дигар ҳизбҳоро намедонам, аммо ҳизби мо барои таблиғот дар нақша гирифтааст, ки ҷудогона, бо ҷалби одамоҳои шинохта чорабиниҳои табллиғотияшро гузаронад». Ин масъули ҲХДТ мегӯяд, ки намедонам барои як ҳизб аз тарафи КМИР чӣ миқдор маблағ ҷудо шудааст, вале мегӯяд, ки ҲХДТ ба ҷуз ин пуле, ки ҷудо мешавад ҳамчунин аз имконоти соҳибкорон ва ҷонибдорони фаъол ҳам дар маъракаи интихобт истифода хоҳад кард, ки ҳанӯз ҳаҷмаш муайян нест.

Рустам Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар интихобот мегӯяд онҳо ба ҷуз корзорҳои гуруҳӣ ният доранд, ки ба таври ҷудогона ҳам таблиғот кунанд. Ин номзад ҳарчанд аз масрафоти зиёд дар давраи интихобот суҳбат мекунад, вале гуфт ҳоло мушаххас нашудааст, ки ҳизбаш чӣ миқдор маблағро масраф мекунад.

Ҳарчанд дар тамоми дунё корзорҳои интихоботӣ маъракаҳои серхарҷ дониста мешаванд, вале бино ба таҷрибаи интихобтҳои гузашта, зоҳиран компайнҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон каммасрафтар мегузаранд ва ҳизбҳо аз гуфтани ҳаҷми маблағе, ки дар интихобот масраф мешавад, худдорӣ мекунанд.

Имрӯз, фурсати сабти ном кардани номзадҳо ба мақоми президентии Тоҷикистон ба поён мерасад ва то кунун КМИР 5 номзадро сабти ном кардааст: Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон; Рустам Латифзода аз ҲАТ, Рустам Раҳматзода аз ҲИИТ, Меъроҷ Абдуллоев аз ҲКТ, Абдуҳаллим Ғаффоров номзади сотсиалистҳо. 

КМИР то кунун номзадии Саидҷаъфар Усмонзода раиси ҲДТ-ро ба далели мувофиқ набудани аснодаш барои сабти ном рад кардааст. Ҳамчунин номзади ҷавони худпешбар Фаромуз Иргашов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводорони зиёд дошт, 14-уми сентябр эълон кард, ки танҳо 80 ҳазор имзои ҷонибдоронашро гирд овардааст ва наметавонад дар муҳаллати боқимонда онро пура кунад, ба ин далел аз идомаи рақобт канор меравад.

Ҳизби сотсиал-демкорати Тоҷикистон бо раҳбарии Раҳматилло Зоиров интихоботи 11-уми октябрро таҳрим ва аз ширкат дар он худдорӣ кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...