ХБА ба ҳукумати Тоҷикистон барҳамдиҳии бонкҳои мушкилдорро тавсия медиҳад

Тоҷикистон оқибатҳои ҷиддии пандемияи коронавирусро аз сар гузаронида истодааст, чунин хулоса баровардаанд коршиносони ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пас аз музокироти виртуалӣ. “Таъсири пандемия ба солимии одамон начандон вазнин буд, лекин мушкилоти савдо бо шарикони калидӣ ба фаъолнокии иқтисодӣ ва интиқоли маблағ таъсири манфӣ расонид”, – таъкид мешавад дар гузориш. Гуфта мешавад, босуръат поинравии сатҳи […]

Тоҷикистон оқибатҳои ҷиддии пандемияи коронавирусро аз сар гузаронида истодааст, чунин хулоса баровардаанд коршиносони ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пас аз музокироти виртуалӣ.

“Таъсири пандемия ба солимии одамон начандон вазнин буд, лекин мушкилоти савдо бо шарикони калидӣ ба фаъолнокии иқтисодӣ ва интиқоли маблағ таъсири манфӣ расонид”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Гуфта мешавад, босуръат поинравии сатҳи даромад барои иҷрои буҷети бозбинишудаи кишвар дар соли 2020 мушкил эҷод кард.

Намояндагони ХБА дар баробари дигар тадбирҳо дастгирӣ ба Фонди суғуртаи амонатҳо ва барҳамдиҳии ду бонки нодорро тавсия медиҳанд. Ҳамчунин зарурати ҳалли мушкили камбуди асъор қайд мешавад.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҳар музокироти тайи солҳои охир ҳайати ХБА  барҳамдиҳии ду бонки мушкилдори ҷумҳурӣ – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро тавсия медиҳад.

Охири соли 2016 ҳукумат ба ин бонкҳо дар ҳаҷми зиёда аз 3,3 млрд сомонӣ кумаки молиявӣ ҷудо кард.

Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки айни замон бонкҳои зикршуда низомсоз набуда, ҳолати онҳо дигар ба суботи молиявӣ хатар эҷод намекунад.

Охири моҳи ноябри соли гузашта раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба вакилони палатаи поёнии парлумон хабар дод, ки иҷозатномаҳои “Тоҷиксодиротбюонк” ва “Агроинвестбонк” бозхонда намешаванд, зеро вазъи молиявии ин бонкҳо тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Қаблан моҳи майи соли 2019 Бонки миллӣ изҳор дошта буд, ки агар ин бонкҳо то охири сол сармоягузориҳои иловагӣ ҷалб карда натавонанд, онҳоро аз иҷозатнома маҳрум мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.