Фестивали “Боми ҷаҳон” имсол тариқи онлайн ҷараён дорад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз 14 сентябр то 4 октябри соли ҷорӣ Фестивали 13-уми байналхалқии фарҳанг ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад.

“Бахусус соли 2020 душвор омад, аз ҷумла барои соҳаи фарҳанг низ. Лекин мо тасмим гирифтем, ки фестивалро бекор накарда, онро тариқи онлайн баргузор мекунем. Ҳадафи он инъикоси гуногунрангии фарҳангӣ (маҳаллӣ, минтақавӣ ва умуман, дунёӣ) ва таҳкими якдигарфаҳмӣ тавассути санъат баҳри ҳамзистии осоишта ва арзишҳои умумибашарӣ мебошад”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” ташкилкунандагони чорабинӣ.

Дар чорчӯбаи фестивал дарсҳои устодон (мастер- класс) оиди усулҳои навохтани асбобҳои гуногуни мусиқии кишварҳои иштирокчиёни чорабинӣ, намоиши тасвирҳои рассомони маҳаллӣ доир мегардад.

“Мо бовар дорем, ки баргузории фестивали мазкур бо шакли нав низ моро ба натиҷаҳои интизорбудаи бисёртарафаи лоиҳа наздик меорад ва ба нигаҳдории сулҳ, дӯстӣ, дарки аҳамияти гуногунӣ, плюрализм ва таҳаммулпазироӣ байни халқҳои гуногуни минтақа мусоидат мекунад, ки ин ҳамчунин, ба пешбарӣ ва ташаккули сифати маҳсулоти эко-туризму беҳгардонии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварамон кӯмак хоҳад расонд”, – гуфтанд онҳо.

Фестивал ба нигаҳдорӣ ва пешбарии жанрҳои анъанавӣ ва таҷрибавии (эксперименталии) мусиқӣ ва рақсҳои халқҳои Помир, ҷомеаҳои дигари Тоҷикистон ва ҳамчунин, кишварҳои хориҷи дур ва наздик мусоидат мекунад. Дар фестивали ҷараёндошта аз иштироки мусиқачиёни маъруф аз Қирғизистону Ӯзбекистон, ИМА, Афғонистон, Фаронса ва Тоҷикистон интизорӣ меравад.

"Боми ҷаҳон"  – ҷашнвораи ҳамасолаи мусиқии бузургест, ки дӯстдорони мусиқии этникӣ (қавмӣ)-ро натанҳо аз Тоҷикистон, балки аз кишварҳои хориҷи дуру наздик гирдиҳам меорад.

Соли гузашта фестивал дар шаҳри Хоруғ баргузор шуда буд.

Фестивали “Боми ҷаҳон” аз тарафи ИҶ “Амеша Спента” бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ҳамкории Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон (сарпарасти асосии фестивал), сафорати Швейтсария дар Ӯзбекистон, ширкати Tcell, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Ташаббуси Мусиқии Оғо Хон, сафорати Австрия дар Нур-Султон, Бунёди Оғо Хон, Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва лоиҳаҳои Accelerate Prosperity баргузор шуда истодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...