Аъзои ҳукумати нав: Расулзода боз сарвазиру Шералӣ Кабир вазири саноат

admin

Эмомалӣ Раҳмон баъди дигарбора интихоб шудан ба мақоми Президенти Тоҷикистон кобинаи нави ҳукуматро таъин намуд.

Тибқи фармонҳои нав Қоҳир Расулзода дар мақоми сарвазри Тоҷикистон боқӣ монд ва Шералӣ Кабир ба мақоми вазири саноат ва технологияҳои нав омад. Шералӣ Кабир то ин дам раиси Шӯрои мудирони Ширкати алюминии тоҷик ё Талко буд. Ҳамчунин Матлубахон Сатториён муовини нави сарвазир таъин шуд, ки то ин дам раиси Ҳизби халқии демкоратии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.

Ба ҳайати нави ҳукумат Ширин Амонзода, ки то ин дам раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон буд, ба унвони вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ворид шуд. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Гулрӯ Ҷабборзода омад, ки чанде пеш вазир таъин шуда буд. 

Далер Ҷумъаев раиси Ширкати "Помирэнержӣ"-ро раисҷумҳур вазири нави обу энергетикаи Тоҷикистон таъин кард.

Дар маҷмуъ ҳукумати пешину нави Тоҷикистон ба қарори зайл аст:

Ҳайати пешин:

Қоҳир Расулзода, сарвазир

Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазир

Давлатшо Гулмаҳмадзода, муовини сарвазир

Ширин Исматуллозода, муовини сарвазир

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия

Амонулло Салимзода, вазири кишоварзӣ

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм

Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо

Зарробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияи нав

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

Ҳайати навин:

Қоҳир Расулзода, сарвазир

Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазир

Давлатшо Гулмаҳмадзода, муовини сарвазир

Матлубахон Сатториён, муовини сарвазир

Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазир

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ (то ин дам раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд)

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.