Нооромиҳи бештар аз 40-сола дар Ҷумҳурии Афғонистон мардумони зиёдеро маҷбур кардааст, ки рӯ ба муҳоҷират ва паноҳандагӣ биоваранд. Дар Тоҷикистон ҳам шумораи паноҳандагону гурезагони Афғонистон кам нестанд. Агар далели ба Тоҷикистон омадани онҳо аз як сӯй осонтар ба даст овардани мақоми паноҳандагӣ бошад, аз сӯйи дигар ҳамзабониву ҳафарҳангӣ низ сабаб шудааст.
Вале оё дар Тоҷикистон зиндагии беҳтаре насибашон гаштааст? Онҳо дар давраи ҳамагирии коронавирус чӣ зиндагиеро мегузаронанд. Дар ҳоле ки буҳрони коронавирус рӯйи зиндагии ҳамаи кишварҳо ва мардум таъсир гузоштааст, паноҳандагони афғон чӣ вазъ доранд? Барои пайгирии мушкилоти гурезаҳои афғоне, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд, рафтем.
Дар Тоҷикистон муҳоҷирону паноҳандагони Афғонистон асосан дар шаҳри Ваҳдат (наздик ба 800 хонавода), ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав, вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён, вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиндагӣ ва иқомат мекунанд. Шумораии умумии паноҳандагони Афнистон 4500 нафар гуфта мешавад. Онҳое, ки то соли 2000 ба Тоҷикистон омадаанд ҳаққи дар шаҳри Душанбе зиндагӣ карданро доранд, аммо аз соли 2000 ба баъд тибқи як фармони раиси онвақтаи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев онҳо ҳаққи иқомат ва зиндагӣ дар шаҳри Душанберо надоранд. Ҳамчунин ин муҳоҷирону паноҳандагон ҳаққи зисту зиндагӣ дар манотиқи марзиро надоранд. Онҳо бо реҷаи махсус зиндагӣ мекунанд ва тибқи муқаррарот бояд баъди соати 8 дар ҷойи иқомат ва зиндагии худ бошанд.
Руҳия Ҳаётхон, зани паноҳанда ва раҳбари ҷамоати гурезагони афғон дар маҳаллаи “Истиқлол –1”-и ноҳияи Рӯдакӣ буда, давоми шаш сол аст, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад.
Ин зан бо шавҳар ва 4 фарзандаш бо сабаби нооромӣ ва муноқишаҳои оилавӣ барои зиндагии беҳтаре ба Тоҷикистон омадаанд. Аммо, дар ин ҷо бо мушкилоти зиёде, аз ҷумла бекорӣ ва гаронии маҳсулот дар бозорҳо рубарӯ шудаанд.
Вай бо шавҳари бемораш дар бозори “Саховат” бо фурӯши либосҳои кӯҳна (Second hand), ки аз мардум ҷам мекунанду дуборафурӯшӣ мекунанд, машғул буда, аз ин ҳисоб зиндагиашонро пеш мебаранд: “Вақте гуфтанд, ки ба Тоҷикистон ҳам COVID-19 омадааст, мо низ аз тарси сироят ёфтан давоми се моҳ даст аз савдо кашидем. Аз ҷиҳати дигар бошад, муштариҳо низ барои эҳтиёт ва сироят наёфтан ба бозор намеомаданд. Дар ин муддат ман ба ширфурӯшӣ машғул шудам. Ҳоло бошад, ҳафтае се маротиба барои савдо ба бозор меравам, аммо ҳанӯз ҳам муштариҳои мо кам аст”.
Савдо мисли манзили зистамон гарм нест
Замоне хонаи Руҳия рафтем, ки бо духтараш дар утоки хунук нишаста, мунтазири барқ ва об буданд. Ба кавли ӯ “агарчӣ дар Тоҷикистон оромӣ бошад ҳам, аммо аз ҷиҳати бебарқию беобии мавсимӣ ва бекорию қиматӣ мушкилӣ дорем. Дар қиёс бо Афғонистон дар ин ҷо озуқаворӣ ба маротиб гарон буда, зиндагӣ аз нигоҳи иқтисоди вазнинтар аст".
ИЗОБРАЖЕНИЕ Руҳия Ҳаётхон
Хонаводаи Руҳия ва дигар паноҳандагони авғон, ки дар ин маҳалла зиндагӣ мекунанд, аз тарси сироят наёфтан ба бемории COVID-19 натанҳо ба ҷойи кор, балки бе зарурат аз хона намебаромадаанд: “Вақте чандин маротиба зуком шудам, дар хона табобат гирифам, танҳо то дорухона мерафтему халос. Дар рӯзҳои авҷи ин беморӣ мо бо тарс зиндагӣ доштему ба касе наздик намешудем”.
Ба суоли ин, ки дар дастрасӣ ба беморхонаҳо маҳдудияте доранд? Руҳия гуфт, ки "дастрасӣ ба беморхона ҳеҷ вақт барои мо маҳдуд нест ва набуд. Аммо агар худро гуреза муаррифӣ кунем ва гӯем, ки муоина барои мо ройгон аст, муносибати кормандони тиб бо мо тағйир меёбад".
“Хушбахтона дар маҳалла касе аз коронавирус нафавтид”
Ба гуфтаи Руҳия, дар маҳаллаи “Истиқлол-1”-и ноҳияи Рӯдакӣ наздики 20 оилаи гуреза зиндагӣ мекунанд, “чанд нафарашон гирифтори бемории каронавирус шуда, бениҳоят дар вазъияти баде қарор доштанд. Бо роҳи худмуолиҷа аз ин беморӣ шифо ёфтанд. Хушбахтона миёни онҳо маргу мир набуд».
Ин дар ҳолест, ки Абдулмусаввир Баҳодурӣ, раиси Созмони паноҳандагон ва муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон – "Ориёно", мегӯяд, тақрибан, 21 нафар паноҳандаи Афғонистон аз бемории коронавирус фавтиданд ва ин ҳам афроде буданд, ки аз 55 боло син дошта, бемориҳои қанд, дил ва шуш доштанд.
Аз ихроҷ нашудан то ҷарроҳӣ
Нигина Солеҳзода зани дигари гурезаи Афғонистон аст, бо шавҳар, ду фарзанд ва хонаводаи шавҳараш тақрибан 3 сол қабл ба Тоҷикистон омадаанд. Пас аз гузаштани муҳлати раводид, онҳо маҷбур шудаанд пойтахтро тарк карда, дар ноҳияи Рӯдакӣ хона киро кунанд. Зеро бар асоси қавонини Тоҷикистон пас аз соли 2000, гурезаҳо ҳуқуқи дар пойтахт зиндагӣ карданро надоранд.
Вале ин паноҳандагон мегӯянд, дар қиёс ба минтақаҳо, ки ҳатто сокинони маҳаллӣ аз мушкили бекорӣ ранҷ мекашанд, имкони пайдо кардани кор дар пойтахт бештар аст. Зеро яке аз монеаҳо барои ҷустуҷӯи кор манъи зиндагии гурезаҳои афғон дар шаҳри Душанбе аст.
Нигина мегӯяд, аз рӯи саҳв онҳо як рӯз қабл аз оғози қарордод манзили иҷора омада, қариб депорт мешуданд. Ва танҳо пас аз супурдани ҷарима мушкилашон паси сар шуд.
«Мушкилоти ҳуҷатгузориро паси сар кардему аз он бадтар бо маризию қашоқӣ дучор шудем. Ҳама аъзои хонаводаамон бемор шуда, шифо ёфтем. Аммо шавҳарам, ки дар давраи авҷи каронавирус ҷарроҳии гурда шуд, моро бештар нигарон кард. Барои ин ҷарроҳӣ то шаш ҳазор сомонӣ масраф кардем, дар қиёс ба ин ҷо, дар беморхонаҳои давлатии Кобул ҳамагуна табобат ва ҷарроҳӣ ройгон аст”.
Ба қавли Нигина шавҳари маризаш, ки тоза амалиёт шудааст, саломатияш ҳанӯз барқарор нашудааст, дар яке аз корхонаҳои дегбарорӣ кор мекунад. Худи ӯ бошад 2 моҳ қабл курси дӯзандагиро омӯхта, мунтазири мошинаи дузандагӣ аст, то ба дӯхтан пардозаду камбуди зиндагии худ ва фарзандонашро бартараф кунад.
Бино ба иттилои Азизуло Идиев, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рудакӣ, дар ин ноҳия 82 хонаводаи афғон сабти ном шудааст.
Ба қавли номбурда бо дастгирии Вазорати меҳнату муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо бо Ташкилоти ҷамъиятии кӯдакон, гурезагон ва шаҳрвандони осебпазир (RCVC) курсҳои дузандагӣ, компютер ва забономӯзӣ ба муҳоҷирони афғон ройгон омӯзонда шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Рӯҳия мегӯяд, ки дар давраи “карантин” аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии кӯдакон, гурезагон ва шаҳрвандони осебпазир озуқаворӣ, аз қабили орду равған, шакар, биринҷ, макарон нахуду лӯбиё, маводи зиддиуфунӣ ва 10 донаи ниқобҳои тиббӣ кумак шудааст: “Илова бар ин ба мо 400 сомонӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон низ кӯмак карданд”.
Ба иттилои Вазорати молия ба 300 нафар хонаводаҳои гурезаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон ба ҳаҷми 400-сомонӣ кумаки якдафъаина расонида шудаст.
"Фикри ба Ватан баргаштан надорем"
Нигина мегӯяд, агарчӣ мо дар Тоҷикистон мушкилоти иқтисодӣ дорему бо сабаби масрафи иловагӣ бо ҳамсояҳо рафтуо намекунанд, аммо барои базгашт ба Ватан ва ё сафар ба кишвари сеюм фикр ҳам накардаем. Аммо Руҳия бошад бар хилофи гуфтаҳои Нигина барои зиндагӣ, дар орзуи як кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта мебошад: “Агар чунин имкон даст диҳад, барои ояндаи беҳтари фарзандон, мо омодаем ба кишвари сеюм ҳиҷрат кунем”-мегӯяд Руҳия.
Дар Афғонистон гуфта мешавад бар асари нооромиҳои ахир бештари мардум ба Покистону Эрон ҳиҷрат кардаанд, ки тибқи иттилои расмӣ ҳудуди 7 милион нафарро дар бар мегиранд. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ гурезаҳои Афғонистон аз ҳама беш дар Тоҷикистон паноҳ ёфтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


