Дар Хуҷанд донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон боз мешавад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки имсол Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсис дода мешавад.

Иқдоми таъсиси мактаби олии муштаракро Донишгоҳи давлатии кишвари ҳамсоя пешниҳод кардааст.

“Мо ин пешниҳодро омӯхта, ба хулосае расидем, ки муассисаи олии таълимии мазкур дар заминаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таъсис дода мешавад”, – қайд кард вазир.

Зикр шуд, ки масоили чанд факулта ва шуъба доштани донишгоҳ, ҷорӣ шудани таҳсили пулакӣ дар он, барномаҳову забони таълим ва дигар масъалаҳои тадорукотӣ ояндаи наздик ҳаллу фасл мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли 2020 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд дар бораи ифтитоҳи факултаи муштарак дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар дод.

“Дар факултаи муштарак дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандони дигар кишварҳои хориҷӣ ҳам таҳсил карда метавонанд. Таълим бо забонҳои англисӣ ва русӣ мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ба роҳ монда мешавад”, – зикр гардида буд дар итттилоияи расмии Донишгоҳи Тошканд.

Пас аз хатми таҳсил ба донишҷӯён дипломҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...