Тоҷирони тоҷикро дар Бишкек маҷбур мекунанд, ки корашонро қатъ кунанд

Мусои БОБОҲОҶӢ, Asia-Plus

Савдогарони бозори маҳаллии “Дордой”-и Қирғизистон ба соҳибкорони тоҷик таҳдид кардаанд, ки фаъолияташонро дар Бишкек қатъ кунанд ё аз худи онҳо бор харанд.

Субҳониддин Раҳматов, як соҳибкори тоҷик, ки дар Бишкек кор мекунад, ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор дошт, ки муддати 20 рӯз инҷониб онҳо мавриди таҳдид қарор дошта, аз онҳо талаб мекунанд, ки бевосита аз онҳо мол харанд.

“Аз 13 феврал савдогарони бозори “Дордой” ба мо занг зада, талаб карданд, ки аз онҳо сарулибос харем ё қаламрави Қирғизистонро тарк кунем, – гуфт ӯ. – Онҳо ҳамчунин якчанд соҳибкорони моро лату кӯб карда, дар натиҷа онҳо қаламрави Қирғизистонро тарк карданд. Ба дигар соҳибкорон куштанро таҳдид мекунанд”.

Раҳматов мегӯяд, онҳо дар Қирғизистон чизе нафурӯхта, танҳо сарулибос харида, онро дар Русия мефурӯшанд.

Соҳибкорони тоҷик ба сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва ҳатто онҳое, ки душаҳрвандӣ доштаанд, барои кумак ба сафорати Русия дар Тоҷикистн муроҷиат намуданд, лекин то ҳол аз ин ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Дар гирдиҳамойӣ баҳри дастгирии соҳибкорони тоҷик дар бозори “Мадина” зиёда аз 50 нафар коргарзанони коргоҳҳои дӯзандагиии Бишкек ҷамъ омаданд.

Дар Раёсати иттилоот ва матбуои ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки  ҳамеша бо соҳибкорони тоҷик дар тамос буда, сафорат ҷиҳати расидагӣ ба ин масъала ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва Раёсати ВКД дар шаҳри Бишкек ёддошт (нота) фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориши “Настоящее время” соҳибкорзанони Қирғизистон гуфтаанд, ки савдогарони маҳаллӣ ба тоҷикон барои кор имкон намедиҳанд.

“Қисмати асосии фармоиши онҳоро маҳз соҳибкорони тоҷик таъмин мекарданд, – гуфтанд онҳо. –  Онҳо аз савдогарони “Дордой” сарулибоси тайёрро харида, онро дар Маскав мефурӯхтанд. Лекин чанд сол пеш тоҷирон бевосита ба худи дӯзандагон ҳамкориро роҳандозӣ намуда, моро мустақиман фармоиш медоданд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...