Боздиди раиси Маҷлиси милии Корея аз порки технологии Gayur Group

Asia-Plus

Раиси Маҷлиси милии Куриёи Ҷанубӣ  Пак Бён Сок, ки бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, аз Парки технологияҳои иноватсионии Гуруҳи корхонаҳои "Ғюар" боздид кард ва бо натиҷаи кори яке аз тарҳҳои муштарак  – Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диёдӣ шинос шуд.

«Тоҷикистон дар як мавқеияти хеле  мувофиқ қарор дорад, -гуфт дар мусоҳиба ба "Азия-Плюс" намояндаи  ҳайат Шим Ҷей Бок – Хоҳиши Куриё барои сармоягузор дар Тоҷикистон бо назардошти ин аст, ки ин кишвар дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, ки имконоти бисёрере барои содирот ба кишварҳои ҳамсояи Ҷануби Осиё, аз ҷумла Ҳинду Покистон фароҳам мекунад.  Инҷо бояд дар маҷмуъ 6 корхона бунёд шавад. Ба ҷуз ин мо аллакай Меморандум бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро барои омӯзиши забони курёӣ ба имзо расонидем Рӯзҳои наздик Маркази омӯзиши забони куриёӣ боз мешавад, то ҷавонони тоҷик ин забонҳоро биомӯзанду дар корхонаҳои муштарак кор кунанд».

«Мувофиқи тавофуқҳои ҳосилшуда мо корхонаҳои истеҳсоли рангҳои иноватсионӣ, маҳсулоти сантехникӣ, уребчаҳо, таҷҳизоти барқии барои ошхона месозем"-, гуфт ба «Азии-Плюс» директори иҷроияи ҶДММ “Ғаюр” Юсуф Сафаров. – Дар ҳоли ҳозир 12 навъи маҳсулоте, ки Гуруҳи корхонаҳои "Ғаюр" истеҳсол мекунад  ба кишварҳои хориҷ содир мешаванд ва имсол ин ширкат ҳадаф дорад ба Русия ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ фурӯзонакҳои диодиро содир кунанд. Ҳамаи корхонаҳое, ки мо месозем бо назардошти содирот бунёд мешаванд".

Сейчас корхонаи муштаракаи «Ғаюр Кореа Технолоҷӣ»  беш аз 100 намуди маҳсулоти  диодӣ истеҳсол мекунад.  Баъди расман боз кардани корхона дарҳол дар доираи як тарҳи таҷрибавӣ  дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз оғози хиёбон то эстокадаи навбунёд 440 чароғҳои истеҳсолкардаи корхонаи муштарак насб карда шуд. Ин маҳсулот тибқи технологияи нави Курёи Ҷанубӣ истеҳсол шудаанд, ки кори чароғҳоро то 100 000 соат дароз мекунад.

Дар панҷ корхонаи нави дигаре, ки бунёдашон дар назар гирифта шудааст ҷониби Курё  25 миллион доллар равона мекунад, ки имкони фароҳам шудани 2 ҳазор ҷойи кор дар назар аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.