Мулоқоти вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон: аз нигарониҳо то талбҳо

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизияш дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ мулоқт кардааст. Баъди шиддат гирифтани баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ин нахустин мулоқоти вазирони хориҷаи ду кишвар ҳисоб мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон вазири тоҷик бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев дар ин мулоқот  таваҷҷуҳи хосро рӯйи масоили таъин ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ кардаанд. 

Вазирон дар ин дидор бар зарурати истифодаи муассир ва комили Комиссияи байниҳукуматии аломатгузорӣ ва таъини  сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ишора кардаанд.

"Дар ин замина, ҷониби Тоҷикистон бар зарурати идомаи раванди музокирот бар асоси асноде, ки расмиёи конститутсиониро пушти сар кардаанд ва ҳамчунин пойбандии тарафҳо ба қоидаҳои мувофиқашуда барои инъикоси натиҷаҳои мулоқот мувофиқи Дастурамали ташкили кор ва тартиби пешбурди музокиротии таъин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон" таъкид кардааст. 

Бо дар назар гирифтани набуди санади меъёриву ҳуқуқӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки масоили душаҳрвандиро танзим кунад, раиси ВКХ Тоҷикистон масъалаи ба танзим даровардани раванди додани шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама ба сокинини минтақаҳои наздимарзиро матраҳ кардааст. 

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мегӯяд, ки Қазоқбоев дар ин мулоқот аз иттилооти расида дар бораи мавридҳои зиёди санҷишҳои ғайриинтизори мақомоти қудратии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Қирғизистон, ки муваққатан ё доимӣ дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон қарор доранд, нигаронӣ кардааст. Вазорати хориҷаи кишвари ҳамсоя гуфтааст, ки Тоҷикистон аз ин шаҳрвандон хостааст, ки ё шаҳрвандии Тоҷикистонашонро барқарор кунанд ё кишварро тарк кунанд. Ҷониби Қирғизистон  аз Тоҷикистон хостааст, ки қонунгузории муҳоҷират риоят шавад ва ҳуқуқи ҳамватанони қирғизро нақз накунанд. 

Ҳамчунин  вазорати хориҷаи кишвари ҳамсоя хабар додааст, ки вазири ин кишвар дар ин дидор ба зарурати идомаи кори комиссияи муштарак, ки бояд рӯзҳои наздик дар Қирғизистон сурат бигирад, таъкид кардааст. 

Ба гуфтаи Вазорати хориҷаи Қирғизистон ҷонибҳо дар масъалаи хатми ҳуқуқии сабти номи сарҳади давлатии ду кишвар гуфтаанд, ки таъсири мусбате ба тамоми маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мегузорад. 

Вазорати хориҷа мегӯяд, ки дар поёни ин мулоқот гуфта шуд, ки ҳифзи пайвандҳои чандсадсола, дӯстӣ, ҳамсоядории хуб ва бародарӣ миёни ду кишвар зарурат аст.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.