Моҳи май дар Тоҷикистон 12 рӯз истироҳат хоҳад буд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар моҳи майи соли равон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазон сокинони Тоҷикистон 12 рӯз истироҳат мекунанд.

“Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад”, – шарҳ дод ба “Азия-Плюс” ин масъаларо як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Имсол ҷашни Рӯзи Ғалаба – 9 май ба рӯзи якшанбеи ҳафта рост меояд ва бо назардошти меъёрҳои дар боло зикршуда, рӯзҳои 8, 9 ва 10 май дар ҷумҳурӣ рӯзҳои ғайрикорӣ мебошанд.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҷашни Иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 13 май фаро мерасад ва ин рӯз низ тибқи қонун рӯзи истироҳат аст.

Ба ин тариқ, моҳи оянда шаҳрвандони Тоҷикистон 12 рӯз: 1, 2, 8, 9, 10, 13, 15, 16, 22, 23, 29 ва 30  май истироҳат мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон соли 2016 тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи рӯзҳои ид тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ дахл дошт.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои он замон ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” қабулшуда, 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, лекин бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.