Парванда алайҳи ду мудиру як нозири маориф бо гумони фурӯхтани замини мактаб дар Панҷакент

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Додситонии Суғд алайҳи ду мудири мактаб ва як нозири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент бо гумони ғайриқонунӣ додани қитъаи замин парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Масъулини соҳаи маориф бар он муттаҳам мешаванд, ки аз ҳисоби замини мактаб барои сохтмони мағозаву ошхона замин додаанд.

Як масъули огаҳ аз парванда дар Додситонии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт бо ҷурми ғайриқонунӣ додани қитъаи замин нисбати мудирони мактаби миёнаи рақами 61 ва 63-и шаҳри Панҷакент Қаҳҳор Қурбоналиев ва Мурод Шехимов ва нозири шуъбаи маорифи ин шаҳр Музаффар Усмонов парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

“Директори мактаби рақами 61-и шаҳри Панҷакент Қурбоналиев Қ.М бо маслиҳати пешакӣ бо нозири шӯъбаи маорифи ҳамин шаҳр Усмонов М.Ҳ як сол пеш аз ҳудуди заминҳои мактаб ба шаҳрванд Мутаилов С.М бидуни қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон ва раиси шаҳр 30 метри мураббаъ қитъаи заминро барои сохтмони мағоза ва ошхона ғайриқонунӣ додаанд”,-хабар медиҳад додсионии Суғд

Манбаъ илова кард, ки ба ҳамин монанд директори МТМУ № 63-и шаҳри Панҷакент Мурод Шехимов моҳи апрели соли 2020 аз ҳисоби заминҳои мактаб 100 метри мураббаъ қитъаи заминро барои сохтмони мағоза додааст.

Мақомоти додситонии шаҳри Панҷакент алайҳи ҳар се ин масъули соҳаи маориф дар асоси моддаи 338 иловаи 1 қисмӣ 2-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.