19-22 май: рӯзҳои кинои Узбекистон дар Душанбе

Мавзуна Абдуллоева, Asia Plus

Аз 19 то 22 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон доир мегардад. Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон соати 17:30 дар кинотеатри маҷмааи “Кохи Наврӯз” баргузор мешавад. Дар ин бора ба Азия Плюс Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси "Тоҷикфилм" хабар дод.

Ба гуфтаи Раҳматуллоев мақсад аз баргузории Рӯзҳои кинои Узбекистон дар шаҳри Душанбе рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ  бо кишвари дӯсту ҳамҷавори Ӯзбекистон дар соҳаи синамо мебошад.

Ҳамчунин Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба "Азия Плюс" гуфт, ки дар моҳи июни солӣ ҷорӣ дар доираи сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузории маҳфилҳои «Шоми дӯстӣ» миёни ду кишвар дар назар аст, ки дар ин ҳайати ҳунармандони Узбекистон ба Тоҷикистон меоянд ва аз Тоҷикистон ба Узбекистон мераванд.

Дар назар аст зимни баргузории ин ҳамоиш 3 филми ҳунарии «Илҳоқ», «Исёни арӯсон» ва «Хобҳои беранг», 3 филми мустанади «Посдори иттиҳод», «Қалби мардум», «Зери самои ягона» ва як филми тасвирии «Сандуқи сеҳрнок», ки маҳсули эҷоди синамогарони ин кишвар мебошанд, барои ҳаводорон пешниҳод шавад.

Намоиши филмҳо дар кинотеатрҳои ба номи Тоҳир Собиров ва «Зебуннисо» сурат мегирад ва тамошо ройгон мебошад.

Дар назар аст, ки дар рӯзи охири чорабинӣ байни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии миллии “Ӯзбеккино”  ёддошти ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.