Соҳиби нави “ТоҷикАзот”, ки ин корхонаро бо $ 200 млн харида буд, маълум шуд: ҶДММ “Осиё”

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Як мақоми давлатӣ соҳиби нави ҶСШК “Азот”- ро ки то ин замон расман эълон нашуда буд, ошкор кард. Ба гуфти сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Ҳамза Бобозода, ки бо “АП” дар мавриди қарзи музди меҳнат дар ин вилоят суҳбат мекард, “Тоҷик Азот” акунун мансуб ба ҶДММ “Осиё” аст.

“Дар вилоят аз ҳама қарзи бештар дар шаҳри Левакант аз ҳисоби “Тоҷик Азот” мебошад, ки 5,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Акнун, ки 100% саҳмияҳои ин корхонаро ҶДММ “Осиё” дар як тендер харидорӣ кардааст, қарзҳои кредитеории корхонаро бар дӯш гирифтааст”,- гуфт Ҳамза Бобозода.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳеҷ як ниҳоди давлатӣ ҳозир нашуда буд бигӯяд, ки саҳмияҳои “Тоҷик Азот” ро кӣ харидасту соҳибмулки наваш кист. Аммо аз аввали соли 2021 ба ин ҷониб сохтмони хати лӯлуаи газ барои корхона аз ноҳияи Ёвон оғоз шуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун аз бурдани номи соҳиби ширкате, ки корхонаи “Тоҷик Азот” -ро дар Тоҷикистон харидааст, худдорӣ мекунанд. Ҳарчанд пештар гуфтанд, ки ин корхонаро як ширкати ватанӣ бо 200 миллион доллари амрикоӣ аз молики чинияш харидааст. 

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, баъди бекор шудани шартнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати холдингии «Хэнан Чжун-Я”-и Чин саҳмияҳои ҶСШК “Азот”-ро ба фурӯш гузошта буд. Зимни нишасти матбуотӣ, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлати кишвар Саъдӣ Қодирзода гуфта буд, ки 15 феврал тендер дар мавриди фурӯши бастаи аксияҳои ҶСШК “Азот” баргузор гардид.

Дар ин тендер чанде аз ширкатҳои ватанӣ ширкат намуданд ва яке аз ширкатҳо пирӯз шуд. Аммо Саъдӣ Қодирзода номи ғолиби ин тендерро ошкор накард. Ҳарчанд гуфта буданд, ки рӯзҳои  наздик номи ширкати пирӯзро мегӯянд, вале бо гузашти чанд моҳ ҳанӯз номи ин ширкатро ба мардум нагуфтанд.

Корхонаро кӣ харид?

Моҳе пеш дар шаҳри Левакант ва гирду атрофи сару садоҳо шуда буд, ки гӯё ғолиби ин тедер ширкати “Сиёма” шуда бошад. Чанд манбаъи мо ҳам дар шаҳрдории  Левакант ин хабарро тасдиқ карда гуфта буданд, ки мо низ шунидаем, ки “Сиёма” корхонаро ба мувозинати худ гирифта истодааст.

Ширкати «Сиёма»  тибқи як қарордоди ширкати «Авесто Гуруҳ» ва Ҳукумати Тоҷикистон 25 апрели 2019 таъсис дода шуд. 

Аммо он замон мудири иҷроияи “Авесто Гуруҳ”  Зафар Бурҳонзода ба “Азия-Плюс”гуфта буд, ки “Сиёма” ва ҳамин тур “Авесто Гуруҳ” дар ин тендер ширкат накардаанд.

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ба мавзуъоти марбут ба ҶСШК “Азот” Кумитаи сармоягузорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ сару кор дорад.

Он замон як манбаъи огоҳ аз Кумитаи сармоягузорӣ ба мо хабар дода буд, ки тендерро шикати “Осиё кемикал” буридаву айни замон номнависии воситаҳои асосии корхонаро мегузаронад, то корхонаро ба ихтиёр гирад. 

Вале дар бораи худи ширкати “Осиё кемикал” ҳеч маълумоти дақиқе на дар  сайти Кумитаи андози Тоҷикистон  ва на дар  рӯйхати истеҳсолкунандагони кишвар  вуҷуд надорад.  Ҳоло маълум нест, ки ширкати “Осиё кемикал” бо молик нави “ТоҷикАзот” – ҶДММ “Осиё” якширкатанд ё ширкатҳои гуногун.

Таърихи корхона

Бояд гуфт, ки ОАО “Азот” як корхонаи азими истеҳсоли нуриҳои минералӣ барои соҳаи кишоварзист, ки ҳанӯз солҳои 60-70 уми асри гузашта даврони Шӯравӣ сохта шудааст ва бештар бо номи “ТоҷикАзот” машҳур буд.  Ин корхона қаблан бо гази табии Узбакистон фаъолият мекард, вале баъди мушкил шудани муносибатҳои Тоҷикистон Узбакистон интиқоли газ аз Узбекистон қатъ гардид, ки дар натиҷа корхона аз фаъолият бозмонд.

Баъдан ин ширкатро вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва соҳибкори маъруфи зиндонӣ Зайд Саид бо як шарики тиҷоратии укроинияш харид, аммо баъди ба вуҷуд омадани қазияҳои Зайд Саид давлат ин корхонаро дубора бозпас гирифт. 

Соли 2016 ширкати чиннӣ «Хэнан Чжун-Я” хост корхонаро бо истифода аз ангишт ба кор дарорад, вале бо сабабҳои номаълум аз идомаи корҳои азнавсозӣ даст кашид, ки дар натиҷа шартномаи онҳо бо Ҳукумати Тоҷикистон бекор карда шуд.

Баъди муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя рӯ ба беҳбуди овардан, Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт корхонаро ба фурӯш гузорад ва онро бо гази табии Узбекистон ба кор андозад. Лӯлаи газе, ки қаблан ин корхонаро бо газ таъмин мекард тариқи Душанбе-Хуросон- Бохтар- Левакант кӯҳнаю фарсуда шуда аз фаъолият боз мондааст. Аз ин хотир ҳукумат тасмим гирифтааст, ки аз лӯлаи газе, ки то ноҳияи Ёвон омадааст ба шаҳри Левакант онро идома дода, корхонаро бо газ таъмин кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.