Таваҷҷуҳи ширкати швейтсарӣ ба пахтаи Тоҷикистон

Date:

Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон 26 апрел бо намояндагони ширкати швейтсариягии «Rieter»-и Швейтсария дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои бахши котиботи Вазорат, мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо байни корхонаҳои коркарди пахта ва нахи пахта бо ширкати мазкур, роҳҳои дастрас намудани технологияҳои пешқадами коркарди нахи пахта ва имкониятҳои мавҷуда дар ин самт маҳсуб меёбад.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ роҳбарон ва намояндагони як қатор корхонаҳои пахтатозакунӣ, ресандагӣ ва истеҳсоли ҷӯроб иштирок намуда, мубодилаи маълумоти дахлдор сурат гирифт.

Ҳамчунин боздиди намояндагони ширкати «Rieter» аз як қатор корхонаҳои болозикр ва шиносоии наздики онҳо бо фаъолияти ин корхонаҳо дар назар аст.

Зикр мегардад, ки ширкати «Rieter» яке аз истеҳсолкунандаи бузурги дастгоҳҳои ресандагӣ бо маҷмӯи қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳои ёрирасон дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Ширкат дорои 15 корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишварҳои гуногуни олам мебошад, ки дар он ҷо наздики 5000 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Корхонаи фаръии ин ширкат – «Rieter Uzbekistan» аз соли 2011 дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон фаъолият мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...