Ҳушдори сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба муҳоҷирон

Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як баёния бори дигар аз муҳоҷирони тоҷике, ки дар қаламрави ин кишвар ҳастанд хостааст, ки агар то ин дам ба далелҳои гуногун будубоши худро қонунӣ накардаанд, ин корро тезтар анҷом диҳанд. 

Сафорат гуфтааст, ки агар "муҳоҷирон бо сабабҳои гуногун худро ба қайди иқомат (регистрация) нагирифтаанд ва онҳое, ки то ин замон ғайриқонунӣ кор мекунанд, инчунин нафароне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, изҳори хоҳиш менамояд, ки ҳатман ба шӯъбаҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия (ГУ МВД РФ) дар маҳалли иқомат ҳозир шуда, сабти ном кунанд, яъне ҳолати иқомати (будубоши) худро дар Русия қонунӣ намоянд".

Ҳатто онҳое, ки то ин вақт кор накардаанд, метавонанд патентҳои кории худро тамдид ё нав кунанд гуфтааст намояндагии Тоҷикистон дар Русия.

Ҳамчунин сафорат ҳушдор додааст, ба ин ниҳод шикоятҳо дар мавриди пайдо шудани одамони миёнраву қаллобе, ки муҳоҷиронро бо истифода аз вазъ фиреб кардаанд зиёд шудааст ва аз муҳоҷирон маблағҳои зиёд талаб мекунанд.

"Дар ин робита аз шаҳрвандон қотеона хоҳиш карда мешавад, ки ба чунин шахсони манфиатҷӯ ва ғаразнок бовар накарда, танҳо аз манбаъҳои расмӣ, яъне аз Сафорати (Хадамоти консулии) Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Русия маълумот гиранд ва мустақилона ба шуъбаҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия муроҷиат намоянд".

Сафорат аз шаҳрвандоне, ки ҳаққи сафар ё вуруд ба қаламрави Русияро  надоранд, хостааст, ки беҳуда талош накунанду ному насабашонро иваз накунанд, зеро афви муҳоҷирон ба онҳо дахл надорад. Ҳамчунин аз онҳое, ки  бо ин гуна шароит дар Русия қарор доранд, хоста шудааст, ки ба Тоҷикистон бираванду то анҷоми муҳлати ин тасмим ба Русия сафар накунанд.

Ин ҳушдорҳои Сафорати Тоҷикистон дар Русия бар пайи он аст, ки ҷониб Русия аз тамоми муҳоҷирон хостааст, ки то 15 июни имсол буду боши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд, вагарна барои солҳои тӯлонӣ аз Русия ихроҷ мешаванд. 

Сафорат аз шаҳрвандон хостааст, ки агар дар замина ба маълумоти иловагӣ ё машварае ниёз дошта бошанд, метавонанд ба рақамҳои телефон ё почтаи электронии зерини Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар тамос шаванд: Тел: +79857400212 +79660732030 +79670260070: E-mail: [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".