КДАМ: Қирғизистон нуқтаи обтақсимкуниро ишғол карданист

Нимаи дуюми рӯзи 28-уми апрел дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи сарҳадӣ рух дод. “Шаҳрвандони Қирғизистон ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон ба сангпартоӣ пардохтанд ва дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд”, – омадааст дар изҳороти […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 28-уми апрел дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи сарҳадӣ рух дод.

“Шаҳрвандони Қирғизистон ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон ба сангпартоӣ пардохтанд ва дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд”, – омадааст дар изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ Тоҷикистон, ки шаби гузашта, 28 апрел дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр шуд.

Гуфта мешавад, иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад.

“Бо ин вуҷуд, раиси ноҳияи мазкур Ақилбек Орозов сокинони гирду атрофи нуқтаҳои аҳолинишинро ҷамъ оварда, барои муноқиша бо ҷониби Тоҷикистон сафарбар намудааст”, – хабар дода мешавад дар изҳорот.

Зикр мегардад, ки тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд.

“Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Қирғизистон дар байни сокинони барои таҳрики муноқиша сафарбаршуда, хизматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ бар зидди сокинони осоиштаи маҳаллии тоҷикзабон истифода шуданд”, – гуфта мешавад дар фарҷоми изҳорот.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки муноқиша дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной” бо сабаби аз ҷониби Тоҷикистон оғоз гардидани насби камера (дурбин)-и мушоҳидаи видеоӣ дар симчӯбҳои интиқоли барқ сар задааст.

“Замони насби камераи дуюм марзбонони қирғиз ва кормандони ВКД дар вилоят Ботканд ба ин ҷо омада, талаб мекунанд, ки корҳо боздошта шавад. Ҷониби Қирғизистон талаб кард, ки камераҳо барканда шаванд. Зимни гуфтушунид ҷонибҳо сари як қарор омада натавонистанд. Баъдан сокинони ноҳияи наздисарҳадии Қирғизистон, ки ба қаламрави нуқтаи обтақсимкунӣ омада буданд, ба буридани симчӯби дар он камера насбшуда оғоз мекунанд”, – гуфтаанд ба 24.kg дар Хадамоти марзбонӣ.

Бино ба маълумоти Хадамоти сарҳадбонии кишвари ҳамсоя, дар ҷойи муноқиша аз ҳар ду ҷониби ҳудуди 100-150 нафар ҷамъ омада, муноқишаи лафзӣ ба сангпартоӣ ҷониби ҳамдигар табдил меёбад, ки дар натиҷа як қирғизистонӣ аз рӯяш ҷароҳат бардоштааст.

Як манбаи “Азмия-Плюс” дар шаҳрдории Исфара гузоштани камераҳои мушоҳидаи видеоиро тасдиқ намуда, лекин иброз дошт, ки ҷониби Қирғизистон низ камера насб карда, мутахассисони хоҷагии обро намегузорад, ки сатҳи обро чен кунанд.

“Дар гирду атрофи ин иншооти обтақсимкунӣ аз ҷониби Қирғизистон камераҳои мушоҳидаи видеоӣ, таҷҳиҳоти равшанидиҳанда ва як қатор иншооти муҳандисии таъиноти мудофиа ва ҳамла гузошта шудааст. Онҳо мутахассисони Раёсати хоҷагии оби шаҳри Исфараро намегузоранд, ки сатҳи об ва сарфи онро чен кунанду зери назорат дошта бошанд. Ҳамаи талаботи ҷониби Тоҷикистонро онҳо беасос мехонанд. Дар натиҷа аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳоти Тоҷикистон дар мавсими обёрӣ ба мушкилиҳо дар таъминот бо об дучор мешаванд”, – изҳор дошт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, камераҳо бо мақсади мушоҳидаи иншооти муҳими стратегӣ, назорати сатҳи об ва тақсиму сарфи он гузошта мешавад.

“Аммо ҷониби Қирғизистон талаб кард, ки камераҳои мушоҳидаи видеоӣ аз қаламрави иншоот барканда шаванд ва ин ҳам дар ҳолест, ки иншоот ба Тоҷикистон тааллуқ дорад ва комилан дар қаламрави мо қарор дорад. Дар робита ба беасос будани талаботи намояндагони Қирғизистон, он ҳамчун фишор ба ҷониби Тоҷикистон арзёбӣ шуда, камераҳоро ҷониби Тоҷикистон аз ҷояшон барнаканд”, – афзуд манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.