Гуфтушуниди нахустини Тоҷикистону Русия бар сари гирифтани воксини «Спутник V»

Asia-Plus

Муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода 28 апрел бо намояндагони Фонди русиягии сармоягузории мустақили Русия ҷиҳати таҳвили ваксинаи “Спутник V” ба Тоҷикистон фосилавӣ гуфтушунид кард. Зимни вохурӣ  ҷонибҳо  доир ба таҳвили интиқоли ваксинаи “Спутник V” ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Тавре маркази матбуоти Вазорат иттилоъ медиҳад, ин аввалин гуфтушуниди Вазорат бо Фонд ҷиҳати бақайдгирӣ […]

Муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода 28 апрел бо намояндагони Фонди русиягии сармоягузории мустақили Русия ҷиҳати таҳвили ваксинаи “Спутник V” ба Тоҷикистон фосилавӣ гуфтушунид кард.

Зимни вохурӣ  ҷонибҳо  доир ба таҳвили интиқоли ваксинаи “Спутник V” ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Тавре маркази матбуоти Вазорат иттилоъ медиҳад, ин аввалин гуфтушуниди Вазорат бо Фонд ҷиҳати бақайдгирӣ ва таҳвили ваксина мебошад.

Гуфта мешавад, тибқи натиҷаҳои ин гуфтушунид, дар назар аст, ки баъди бақайдгирӣ  ваксинаи мазкур ба Тоҷикистон интиқол дода шавад.

Ваксинаи «Спутник V»-и истеҳсоли Русия 11 августи соли 2020 ба қайд гирифта шуд. Мувофиқи озмоишҳои ахир, самаранокии ин ваксина 91%, зииди сироятёбии миёна ва вазнин аз COVID-19 – 100% арзёбӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки маъракаи воксинзанӣ дар Тоҷикистон 23 март шурӯъ шуд. Ба шаҳрвандон дар муддати 2 моҳ 2 воя (доза)-и ваксинаи Astra-Zeneca гузаронида мешавад.

Дар Душанбе нахуст кормандони тиббӣ ва омӯзгорон ваксина гирифта, айни замон дар минтақаҳо низ маъракаи ваксиназанӣ оғоз гардид.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи Барномаи COVAX Тоҷикистон 192 ҳазор вояи воксинаи Astra-Zeneca гирифт. Дар доираи ин барнома бояд 10%-и аҳолии Тоҷикистон – 1,8 млн нафар ваксина гиранд. Гуфта мешавад, ваксинагирӣ бепул ва ихтиёрӣ аст.

Рӯзҳои наздик ҳукумати Чин низ ба Тоҷикистон 150 ҳазор вояи ваксинаи CoronaVac-и ширкати Sinovac-ро таҳвил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...