Котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Котибони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон Николай Патрушев ва Насрулло Маҳмудзода 28 апрел дар Душанбе нақшаи ҳамкории кишварҳоро дар бахши таъмини амният дар давраи солҳои 2021-2022 баррасӣ карданд.

Зимни мулоқот ба тақвияти ҳамкории мутақобила дар мубориза бо ташкилотҳои байнулмилалии террористӣ ва ифротгаро ва беҳбуди самаранокии ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар таваҷҷуҳ зоҳир шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Шӯрои амнияти Русия.

Имрӯз, 29 апрел дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД доир мегардад.

Иштирокчиёни ҷаласа масоили таъмини амнияти ҳарбӣ, муқовимат ба таҳдиду чолишҳо ва тадбирҳои пешгириву рафъи онҳоро баррасӣ мекунанд.

Дар ҷаласа инчунин доир ба нақшаи муҷаҳҳазгардонии Неруҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврӣ, омодагии муштараки неру ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ ва Нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният дар давраи нимсолаи дуюми соли 2021 – нимсолаи аввали соли 2022 табодули назар сурат мегирад.

Ҳамчунин Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсисёбии СААД баррасӣ хоҳад шуд.

Ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мешавад.

Роҳбарони ҳайатҳои Русия, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Тоҷикистонро имрӯз президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...