Намоиши филмҳо аз бойгонии “Тоҷикфилм” бахшида ба Рӯзи Ғалаба

Asia-Plus

Дар Душанбе аз 3 то 7 май таҳти унвони “Из истории таджикского кино: к 76-летию Победы в Великой Отечественной войне 1941-1945 гг.» (Аз таърихи кинои тоҷик: ба муносибати 76-солагии Ғалаба дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945) ҷашнвораи филмҳои ҳарбӣ доир мегардад.

Ҷашнвора бо ташаббуси сафорати Русия дар Тоҷикистон, намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ ва МД “Тоҷикфилм” баргузор мешавад.

Филмҳо дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров (Тоҷикфилм”, кӯч. Беҳзод, 25) намоиш дода шуда, забони ҳамаи филмҳо русӣ аст.

Маросими расмии ифтитоҳи ҷашнвора 3 май (даромадан бо даъватнома) доир гардида, аз 4 то 7 май филмҳо ба доираи васеи тамошобинон пешкаш мегардад. Даромадан озодона аст.

Пас аз анҷоми ҳар кадоме аз филмҳо муколамаву баррасиҳо атрофи он бо иштироки тамошобинону коршиносони соҳаи кино дар назар аст.

Имрӯз аз соати 9 то 10 дар барномаи КамбэкШоу дар радиои Asia-Plus коршиноси соҳаи кино, коргардон, узви NetPAC (Network for Promotion of Asian Cinema) Шарофат Арабова ва сухангӯи сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Анисимова дар бораи ҷашнвора маълумоти муфассал медиҳанд.  

Тибқи нақшаи ҷашнвора 4 май соати 18:30 филми «Перекличка» (соли 1965, коргардон Д.Храбровитский), 5 май –  соати 18:00 филми «Женщина издалека» (соли 1978, коргардон Т.Собиров),  6 май – соати 18:00 филми «Лето 1943» (соли 1967, коргардон М.Қосимова), 7 май – соати 10:00 филми «Краткие встречи на долгой войне» (соли 1975, коргардон А.Раҳимов, С.Чаплин) ва соати 19:20  филми «Легенда тюрьмы Павиак» (соли 1970, коргардон С.Ҳамидов) намоиш дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ифтитоҳи мактабу корхона ва ширкат дар ҷашни Наврӯз дар Мастчоҳ. Рӯзи дуввуми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафараш ба вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ чанд мактабу кӯдакистон, бемористон ва корхонаҳои истеҳсолиро ифтитоҳ карда,  дар...

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...