Занги дуввум дар зарфи 24 соат: Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷапаров муноқишаи марзиро дубора баррасӣ карданд

Date:

Имрӯз, 1 май, дар ҷараёни гуфтугӯи дуюми телефонӣ дар як рӯз, сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Содир Ҷапаров дар бораи пешрафти иҷрои созишномаҳои байни тарафҳо ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон сӯҳбат карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар.

"Дар рафти суҳбат ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро  мавриди баррасӣ қарор доданд",- гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо  таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд. 

Гуфта мешавад, ки президентҳо, дар бораи кори муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо ва оғози ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба  делимитсия ва демаркатсия сухан гуфтанд.

Аввалин гуфтугӯи телефонии сарони ду кишвар дар робита ба низоъҳои марзӣ дирӯз, 30 апрел баргузор шуд.  Сипас сарони давлатҳо чораҳои зуд паст кардани шиддати вазъ дар қитъаи қирғизу тоҷикро дар сарҳади давлатӣ муҳокима карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...