Сешанбе мотами миллӣ дар Афғонистон: аксари 63 духтари кушташудаи мактаб аз хонаводаҳои нодор будаанд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Аксари кушташудаҳои мактаби "Сайид-ул-Шуҳадо"-и рӯзи шанбеи Кобул аз хонаводаҳои нодор будаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон гузориш медиҳанд.  То кунун ҳеч гуруҳи террористие масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. 

Ҳукумати Афғонистон ба хотири ин ҳодисаи хунин рӯзи сешанберо Рӯзи аъзои умумӣ ва ё мотами миллӣ эълон кардааст. Рӯзи сешанбе дар намояндагиҳои Афғонистон дар хориҷ аз ин кишвар ҳам Рӯзи аъзои умумӣ эълом шудааст. Дар ин ҳодисаи террористӣ 63 духтари муҳассили як мактаби духтарона кушта ва 150 нафари дигар захм бардоштаанд. 

Ашрафғанӣ дар як паёми видеоӣ ин ҳамларо кори дасти гуруҳи террористии "Толибон" хонада, гуфтааст, ки гуруҳҳои ҳаросафган бо тағйири ном мехоҳанд ҷавонони моро аз таҳсил ва донишомӯзӣ дур кунанд. 

Раисҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки ҳукумат ба хонаводаҳои қурбониёну захмиён кӯмаки нақди хоҳад кард.

Дар пайи ин рухдод Ашраф Ғанӣ аз ниҳодҳои масъуди давлати Афғонистон хостааст, ки дар муддати ду ҳафта тарҳи нави амниятиро барои таъмини беҳтари амният дар Кобул пешниҳод кунанд.  

Ин замоне рух додааст, ки мактабхонҳо аз мактаб рухст ва дами дарвозаи мактаб қарор доштанд. Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон яку якбора се инфиҷор пайи ҳам рух додаанд. 

Телевизиони "Тулуънеюс" дар гузориши вижа хабар додааст, ки "аксари ин донишомӯзони кушташуда аз хонаводаҳои нодор будаанд ва дар яке аз маҳрумтарин бахшҳои Кобул зиндагӣ мекардаанд". Падару модар ва наздикони ин қурбониён ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки аксари онҳо мехостанд бо рафтан ба мактаб ва идомаи таҳсил зиндагии хонаводаҳояшонро тағйир бидиҳанд.

Мактаби "Сайид-ул-Шуҳадо" дар Қалъаи Нави Дашти Барчӣ, дар ғарби Кобул, ки беш аз 7 ҳазор хонанда доштааст, рӯзи шанбе баъд аз чошт дар он танҳо духтарон дарс мехондаанд, ки ин инфиҷорҳо рух додаанд. 

Қурбониёни ин рухдоди хунинро ба таври гуруҳӣ дар теппаҳои ғарби Кобул: теппаҳои "Маориф", "Рӯшноӣ" ва "Чил духтарон"  ба хок супурдаанд. Гуфта мешавад ин қурбониён аз 10 то 18-сола будаанд. 

Ин ҳамлаи террористӣ дар дохил ва хориҷи Афғонистон вокунишҳои зиёде дар пай дошт. Уламои дини Афғонистон бо маҳкум кардани ин ҷиноят гуфтаанд, ки он хилофи ислом аст ва содиркунандагони он дар ҷаҳаннам хоҳанд рафт. 

Поп Фронсис, роҳбари католикҳои ҷаҳон ҳам ҳам, рӯзи якшанбе дар як маросими мазҳабӣ, ин ҳамларо "як амали ғайриинсонӣ номид" Поп Фронсис дар дуоҳои ин маросим гуфтааст, ки "Худованд ба Афғонистон сулҳ ато кунад".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.