Путину Байден ба тавофуқ расиданд: 16 июн дар Женева мулоқот мекунанд

Date:

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден ба тавофуқ расиданд, ки  16 июн дар Женева мулоқот мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кремлин хабар медиҳад. 

"Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда президенти Русия Владимир Путин 16 июн дар Женева бо раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден гуфтушунид мекунанд",-омадааст дар хабарномаи Кремлин. 

Пештар Байден ба раҳбари Русия пешниҳод карда буд, ки дар як кишвари севум гуфтушунид кунанд. 

Имрӯз Кохи Сафеду Кремлин омодагиҳоро барои дидори руасои ИМА-ву Русия оғоз карда буданд. Гуфта мешуд, ки ҷаласаи президентҳои ИМА ва Русия – Ҷо Байден ва Владимир Путин бояд моҳи оянда баргузор шавад.

Рӯзи 24-уми май дар изҳороти муштараки мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан ва ҳамкори русаш Николай Патрушев машваратҳои Женева чун «иқдоми муҳим» дар амри омодагӣ ба ҷаласаи ду раҳбар тавсиф шудааст. Дар як изҳороти муштараки ин ду мақом омадааст, ки «бо вуҷуди дидгоҳҳои фавқулодда мутафовит, муколама дар фазои созанда барпо гардид ва барои дарки беҳтари мавқеи ҳар як ҷониб имкон фароҳам овард».

Субҳи имрӯз гуфта мешуд, ки макон ва таърихи баргузории ҷаласаи Байден ва Путин дертар эълон мешавад, вале интизор меравад, ки он моҳи июн дар ҷараёни нахустин сафари Байден дар мақоми президенти Амрико ба Аврупо имконпазир мешавад. Қарор аст моҳи июн дар Бритониё ҷаласаи кишварҳои Гурӯҳи Ҳатфгона ва ҳам дар Брюссел мулоқоти раҳбарони Иттиҳоди Аврупову НАТО баргузор шавад.

Мушовирони калони амниятии ИМА ва Русия доираи васеи масоили марбут ба манфиати дуҷонибаро аз дидгоҳи суботи стратегӣ баррасӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...