Имрӯз ҳамагӣ 13 нафар. 11 кас шифо ёфтаанд. Омори коронавирус

Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ омори нави сироятёбӣ дар 24 соати гузашта дар ҷумҳуриро нашр кард, ки мувофиқи он аз шоми 23-юми июн то кунун ҳамагӣ 13 нафар сироят ёфтааст. Бар тибқи ин маълумот 11 нафар аз шумораи онҳое, ки аз 21-уми июн ба ин сӯ гирифтор шудаанд, шифо ёфтаанд. 

"Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 24 июн  дар кишвар 13371 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13229 нафар (98,9%) шифо ёфтаанд".

Ин омори Вазорат дар ҳолест, ки Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд шумораи гирифторони илтиҳоби шуш ва коронавирусро дар ин вилоят то 22-юми июн 45 нафар гуфт, ки аз ин шумора танҳо 8 нафарашон гирифтори коронавирус будаанд.  

Бино ба гузориши телевизиони маҳаллии “СМ-1” дар Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин бора расман зимни таҷлил аз ҷашни “Ваҳдат”, ки рӯзи 23-уми июн дар “Кохи Рӯдакӣ” доир шуд иттилоъ додааст. Ӯ аз фаъолону, роҳбарони сохторҳои гуногун даъват кардааст бо мардум корбарӣ кунанд, чораҳои беҳдоштиву поксозиро тақвият бахшанд ва ба воҳима дода нашаванд.

“Дар хонаҳо низ беморон ҳастанд, мо хона ба хона гашта дар сурати муайян шудани беморӣ  тез ба хонаи алоҳида ҷой кунем, имрӯз боду ҳаво ҳам хуб аст. Мо шароитҳоро фароҳам овардем ва бояд бо мардум бошем. Ба хусус калонсолон худатонро эҳтиёт кунед”.

Ба таъкиди раиси Суғд мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар мубориза бо бемории ҳамагир басанда ҳастанд ва ҳудуди 800 нафар корманди идораи беҳдоштиро ба корҳои поксозию тарғиботӣ пурра сафарбар кардаанд. Дар назар аст ба вилояти Суғд 100 ҳазор воя ваксина ворид шавад ва кормандони тиб, соҳаи маориф, ниҳодҳое, ки бевосита дар робитаи  зич бо мардум кор мекунанд ва сокинони аз 60-сола боло эм карда шаванд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран рӯзи 21-уми июн эълон кард, ки дар Тоҷикистон дигарбора коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар се рӯзи гузашта санаи 21-уми июн 17 нафар, 22-уми июн 15 нафар ва 23-уми июн 18 нафар дар умум давоми се рӯз 50 нафар ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар умум шумори беморони коронавирус дар Тоҷикистон то шоми 23-юми июн ба ба 13358 нафар расида буд

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.