Ӯзбекистон ташхиси КОВИД-19-и Тоҷикистонро қабул надорад. Чаро муҳоҷир ду бор масраф кунад?

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Баҳси доғи дубораи гирифтани ташхиси пулакии коронавирус дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар марзи Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯз то рӯз доғтар мешавад.

Ӯзбекистон натиҷаи ташхиси КОВИД-19-ро ки шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар дар озмоишгоҳҳои ватан месупоранд қабул надорад ва дубора дар гузаргоҳҳои марзӣ иловатан ташхис мекунад. Ин дар ҳолест, ки то оғози моҳи август натиҷаи ташхиси Тоҷикистон кофӣ буд ва марзбонони кишвари ҳамсоя бо он вуруд ба марзро иҷоза медоданд.

Вале ҳоло бо пардохти 120 ҳазор сӯми ӯзбекӣ муодили тахмин 130 сомонӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дубора дар ин кишвари ҳамсоя аз КОВИД-19 ташхис мешаванд.   

Шаҳрвандон шикоят аз он доранд, ки агар Ӯзбекистон натиҷаи ташхиси Тоҷикистонро қабул надорад, пас чӣ зарурат аст, ки пеш аз сафар масрафи зиёдатӣ карду ҳатман дар кишвар аз ташхис гузашт.

Мақомоти беҳдоштӣ ташхиси дуборари шаҳрвандонро дар марз “муаммои нав” меҳисобад ва мегӯяд, Ӯзбекистон қаблан натиҷаи ташхиси озмоишгоҳҳои Тоҷикистонро эътироф мекард, вале ҳоло “ба далели барои онҳо норӯшан” қабул надорад.

Хушбахт Пирматов як сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, 22 август тариқи гузаргоҳи "Фотеҳобод"-и Тоҷикистон ба "Ойбек"-и Ӯзбекистон рафт ва аз фурудгоҳи Тошканд  худро ба Русия расонид.

Ӯ 27-уми август дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт дар даст ташхиси озмоишгоҳи “Луқмони Ҳаким”-и Тоҷикистонро дошт, вале дар гузаргоҳи “Ойбек” бидуни суолу ҷавоб натиҷаи ин ташхисро қабул накардаанд. Ӯ мегӯяд, пеш аз сафар ба Ӯзбекистон ҳамроҳи ҳамсар ва ду кӯдакаш аз ин озмоишгоҳ дар Конибодом ҳар яке ба маблағи 165 сомонӣ дар умум 4 узви оила ба 660 сомонӣ ташхиси КОВИД-19-ро гирифта буданд. Аммо дар он сӯйи гузаргоҳ дубора ҳар яке ба маблағи 120 ҳазор сӯми ӯзбекӣ муодили наздик ба 130 сомонӣ аз ташхиси коронавирус гузаштанд.   

“Касе, ки сертификати ваксин гирифтаашро нишон дод бе ташхис гузашт. Касе чунин сертификат надошт, фарқ надорад аз кӯдаки ду сола боло то калонсол бо вуҷуди доштани санади КОВИД-19, бо пардохти 120 ҳазор сӯми ӯзбекӣ дубора аз ин намуди санҷиш гузаштанд. Садҳо нафар сарсон, дар шароити ҳозира ҳам дар Тоҷикистон барои ин ташхис маблағ месупорӣ ва ҳам дар марзи Ӯзбекистон, ки ин хело гарон аст. Аммо дар фурудгоҳи Тошканд ё Русия фарқ надорад, ки ту аз куҷо ташхис гузаштаӣ нишон медиҳед қабул мекунанд”,-мегӯяд ӯ.

Ӯ мегӯяд, дар гузаргоҳи “Ойбек” утоқи махсуси санҷиши КОВИД-19 ташкил шудааст ва танҳо кӯдакони то ду соларо аз ташхис намегузаронанд ва онҳо аз пардохти маблағ озоданд.  Ташхис дар ин утоқ ба гуфтаи Хушбахт Пирматов бо гирифтани оби бинӣ сурат мегирад ва дар 10 дақиқа тариқи экспрестест натиҷаи санҷиш омода мешавад ва ҳуҷҷат медиҳанд. Аммо дар Тоҷикистон айни ҳамон ташхиси коронавирусро аз луоби даҳон мегирифтаанд, ки дар 12 соат омода мешудааст.   

Маҷнун Орипов, муовини сардори Идораи санитарию беҳдоштӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, қаблан дар марзи Ӯзбекистон натиҷаи ташхиси озмоишгоҳҳои Тоҷикистонро қабул мекарданд вале “ҳоло ин муаммои нав аст, ки эътироф намекунанд”.

Ин дар ҳолест, ки ҷониби кишвари ҳамсоя асоснок накардааст, ки чаро ташхисҳои Тоҷикистонро қабул надорад.  

“Ташхисҳои ПЦР-и моро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ омада дид, қабул донист, ки мувофиқи стандартҳои ҷаҳонии тандурустӣ ташхис мешавад. Лекин ин муаммои байнидавлатӣ аст, бояд ҷониби Ӯзбекистон посух диҳад, ки чаро дар гузаргоҳ ҳама намуди ташхисҳои идораи беҳдоштӣ ва ширкатҳои хусусии моро эътироф намекунад”.,-иддао дорад Орипов.

Ин масъули идораи беҳдоштӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, онҳо дар гузаргоҳ  натиҷаи ташхиси коронавируси шаҳрвандони хориҷиеро, ки ба марзи Тоҷикистон меоянд эътироф мекунанд ва дубора аз ташхис мегузаронанд, ки ройгон аст.  

Баҳси дубора супуридани ташхиси пулакӣ дар гузаргоҳи Ӯзбекистон аз оғози моҳи август ба ин тараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бештар чарх мезанад. Корбарон дар шабакаи Фейсбук бо нигаронӣ аз аз он ки натиҷаи ташхиси коронавируси Тоҷикистонро Ӯзбекистон қабул надорад гуфтаанд “харҷи ду бора накунед.”

Аммо Маҷнун Орипов мегӯяд, пеш аз сафар гирифтани ташхиси коронавирус ба шаҳрвандон ҳатмист. “Мо ба хотири дарёфти беморӣ ҳатман бояд ташхис гирем. Агар беморе пайдо шуд бояд табобат ёбад баъдан берун аз Тоҷикистон барояд. Ин  хуб аст, ки мо манбаъи нави бемориро байни муҳоҷирон ё он нафароне, ки сафар мекунанд, дарёфт мекунем”.

Ба далели нисбат ба Тоҷикистон хеле арзон будани нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳои Ӯзбекистон, ҳамарӯза садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки асосан муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд марзи байни ин ду кишварро убур мекунанд ва тариқи фурудгоҳи Тошканд худро ба Русия ва дигар давлатҳо мерасонанд. Гурӯҳе мегӯянд, гузаштан аз гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и Тоҷикистон назар ба чанд моҳи ахир соддатар шудааст ва монеъаҳо бартараф шудааст. Аммо ҷорӣ шудани ташхиси дубораи пулакӣ дар он сӯйи марз дар гузаргоҳи “Ойбек”-и Ӯзбекистон аксариятро нороҳат ҳам кардааст.  

Онҳо даъво доранд, ки агар кишвари ҳамсоя натиҷаи ташхиси Тоҷикистонро намепазирад, бигзор давлат супурдани ташхис пеш аз сафар дар кишварро бекор кунад, то барои муҳоҷирони бе ин ҳам дар ночорӣ монда масрафи дубора нашавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.