Аз Хуҷанд ба Тошканд ва бозгашт. Тафсилоти сафар бо автобус

Алия Хамидуллина, Asia Plus

Аввали ҳафтаи гузашта пас аз танаффуси марбут ба пандемия равуои автобусҳои мусфирбар байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз сар гирифта шуд.

Директори филиали ширкати Asian Express дар Хуҷанд Икром Зокиров ва чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тавсия медиҳанд, ки билетҳоро ба ин хатсайри автобус пешакӣ (ду-се рӯз пеш) харидан лозим аст, вагарна дарёфт капрдани он ғайримкон мешавад.

“Мусофирон сершуморанд ва мо ният дорем, ки шумори автобусҳоро дар ин хатсайр зиёд кунем ва дар ин хусус бо намояндагии Asian Express дар Тошканд гуфтушунид дорем”, – иброз дошт Зокиров.

Билети автобуси самти Хуҷанд Тошканд 100 сомонӣ нарх дорад. Билетҳоро метавон аз хазина (касса)-и терминали Asian Express  харид. Терминал дар микрорайони 16-ум дар паҳлӯи таксопарк воқеъ аст. Автобусҳо ҳам аз ҳамин ҷо соати 8:00 ба вақти маҳаллӣ ба роҳ мебароянд.

Тибқи иттилои шахсоне, ки бо автобуси ин самт аллакай сафар кардаанд, вақт дар роҳ ба ҳисоби миёна 5 соатро ташкил медиҳад. Қариб 1-1,5 соат барои анҷоми расмиёт дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон сарф мешавад.

Зимнан мусофирон зикр мекунанд, касоне, ки шитоб доранд, метавонанд автобусро интизор нашуда, баъди гузаштан аз сарҳад (то сарҳад 1,5 соат вақт) бо дигар воситаи нақлиёт ё такси то Тошканд раванд.

Ҳангоми гузаштан аз сарҳад мусофирон бояд шиносномаи хориҷӣ ва гувоҳнома дар бораи ваксин гирифтан зидди COVID-19-ро бо худ дошта бошанд. Агар касе ваксина нагирифта бошад, ӯро лозим меояд, ки аз тести экспресс гузарад. Арзиши тест ба 140 сомонӣ баробар аст. Инчунин доштани билет ба автобус ҳатмӣ аст.

Ҷавонони синнусоли даъват ба хидмати ҳарбӣ ва ба хидмат даъватшуда, инчунин маҳкумшудагон барои содир намудани ҷиноят ба гузаштан аз сарҳад ҳуқуқ надоранд.

Дар мавриди кӯдакон бошад, барои то синни 6-солаи онҳо волидон бояд дар бораи солим будани кӯдак ва бемории полиомиелит (фалаҷ) надоштани ӯ бо худ маълумонома (справка) дошта бошанд.

Дар Тошканд автобус дар истгоҳи “Собир Раҳимов” таваққуф мекунад. Хатсайри бозпас низ ба Хуҷанд соати 18:00 ( зимистон – 16:00) аз ҳамин ҷо ба роҳ мебарояд.

Бо автобусҳои Asian Express шаҳрвандони Ӯзбекистон низ ба Тоҷикистон омада метавонанд. Ба ҷуз шиносномаи хориҷӣ, онҳо бояд бо худ гувоҳнома дар бораи ваксина гирифтан, маълумотнома бо натиҷаи манфии ПСР-тест ба COVID-19 дошта бошанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, айни замон се категорияи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳар ду кишвар тариқи сарҳади заминӣ сафар карда метавонанд: шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд;  шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд ва шаҳрвандони кишварҳо, ки барои убури сарҳад аз Ситодҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба  муқовимат бо коронавирус иҷозаи хаттии дахлдор доранд.

Ғайр аз ин, шаҳрвандоне, ки барои парвоз аз шаҳрҳои Ӯзбекистон ба дигар кишварҳо билет дар даст доранд, низ метавонанд аз хидматрасониҳои ширкати Asian Express истифода баранд.

– Ман билети ҳавопаймоии Тошканд-Маскав дар даст доштам, – мегӯяд Саидҷон Сулаймонов, сокини Хуҷанд. –  Хеле тез аз сарҳад гузаштам. Касе мушкил эҷод намекунад, мисли пешин пул намегиранд. То сарҳад бо 50 сомонӣ аз автовокзали Абрешим бо такси рафтан мумкин аст. Баъди гузаштан ба Ӯзбекистон низ мушкили такси нест, танҳо каме гаронтар меафтад: то бозори Қуйлуқ 100 ҳазор сӯми ӯзбеккӣ роҳкиро мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...