ФАСР: Камбизоатии Тоҷикистонро пардохтпазирии он таъмин мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар дурнамои дарозмуҳлат Тоҷикистон метавонад ба мушкили пардохти қарзи давлатӣ дучор шавад, гуфта мешавад дар гузориши кории нави Фонди авруосиёии суботу рушд (ФАСР).

“Лекин бо назардошти он, ки Тоҷикистон ба гуруҳи кишварҳои сатҳи даромадашон паст шомил буда, ба қарзҳои имтиёзнок дастрасӣ дорад, дар дурнамои миёнамуҳлат пардохтпазирии кишвар бояд дар сатҳи қобили қабул боқӣ монад”, – зикр мекунанд таҳлилгарони Фонд.

Дар назар аст, ки сатҳи қарзи давлатии Тоҷикистон соли оянда аз 46,1%-и ҳозира то ба 58% нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) расида метавонад.

“Дар дурнамои миёнамуҳлат қарзи давлатӣ каме коҳиш ёфта, соли 2025 ба сатҳи 52,4% нисбат ба ММД поин меравад”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Тибқи тавсияҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, таносуби ҳадди ниҳоии қарзи давлатӣ нисбат ба ММД барои кишварҳои сатҳи даромадашон пас 60% ва қарзи хориҷӣ – 40%-ро ташкил медиҳад. Пас аз расидан ба ин сатҳ ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ бинобар сабаби қобили пардохт набудани кишвар аз додани қарз худдорӣ мекунанд.

Мувофиқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар гуруҳи кишварҳои сатҳи даромадашон паст (low income economies) қарор дорад, ки дар он ММД ба ҳар сари аҳолӣ – камтар аз 1026 доллар аст. Ба ин гуруҳ кишварҳое чун Афғонистон, Бурунди, Гвинея, Руанда, Мадагаскар, Танзания, Чад, Эфиопия, Мали, Непал, Гвинея-Бисау ва дигар кишварҳо (ҳамагӣ 31 кишвар) шомиланд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2020 ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 850 долларро ташкил дод. Барои муқоиса, дар Қирғизистон ин нишондиҳанда ба 1224 доллар, Қазоқистон – 1224 доллар ва Русия – 10152 доллар баробар аст.

Қарзи давлатии Тоҷикистон

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода аввали моҳи августи соли равон изҳор дошт, ки сатҳи қарзи давлатии ҷумҳурӣ ба меъёрҳои санадҳои стратегӣ ва тавсияҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ мутобиқ аст.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, дар маҷмӯъ, ҳаҷми умумии Қарзи давлатии Тоҷикистон (бо назардошти қарзи дохилӣ) то 1 июли соли равон 3,8 млрд долларро ташкил дод, ки ба 44,6%-и ММД-и ҷумҳурӣ баробар аст. Давоми 6 моҳи ҳамин сол он 100 млн доллар зиёд шуд.

Дар сохтори Қарзи давлатӣ 3,3 млрд ба қарзи хориҷӣ (87%) ва 500 млн доллар (13%) ба қарзи дохилӣ рост меояд.

Нимсолаи аввал барои пардохти қарзи хориҷӣ 115,1 млн доллар маблағ равона гардид, аз ҷумла 77,4 млн доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва 37,7 млн доллар барои пардохти фоизҳо.

Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин (зиёда аз 1,2 млрд доллар) мебошад. Қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ 500 млн долларро ташкил медиҳад.

Инчунин назди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) низ қарзҳо дар ҳаҷми начандон зиёд вуҷуд доранд.

Дар сохтори қарзи дохилии ҷумҳурӣ зиёда аз 40% ба векселҳо (васиқаҳо)-и давлатӣ рост меояд, ки барои дубора маблағгузорӣ ба ду бонки кишвар – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” нашр шуда буданд. Ин ду бонк айни замон дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Ғайр аз ин, қисмате аз қарзи дохилии кишвар аз ҳисоби облигатсияҳо (вомбаргҳо) ва векселҳо (васиқаҳо)-и Вазорати молия ба вуҷуд омадааст.

То охири соли равон ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки ба маблағи 453 млн доллар қарзи хориҷӣ дастрас намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...