Тамдиди муҳлати пешниҳоди дархост барои таҳсил дар макотиби олии Русия

Asia-Plus

Россотрудничество дар Тоҷикистон муҳлати пешниҳоди дархостҳоро барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия тибқи квота то 25 ноябри соли 2021 дароз кард.

Бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳамватанони русиягии муқими Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷети Русия дар ин кишвар хоҳиши таҳсил доранд, дар низоми иттилоотии education-in-russia.com гузаронида мешавад.

Дар анкета (саволнома) номзадҳо 6 мактаби олиии Русияро интихоб карда метавонанд. Дар Маскаву Санкт-Петербург  ба интихоби на зиёдтар аз 2 мактаби олӣ ва дар як ҳавзаи федералӣ ба интихоби на зиёдтар аз 3 макатби олӣ иҷоза дода шудааст.

Тавсия дода мешавад, ки дархост тариқи компютер пешниҳод гардад.

Машваратҳо бо ҳузури бевосита дар намояндагиҳои Русия аз рӯзи душанбе то ҷумъа дар вақтҳои зерин баргузор мешаванд:  

– соати 15.00 дар Душанбе (гузаргоҳи 1-уми кӯч. Академик Раҷабовҳо, х. 9/1. Гардиши ба рост аз хиёб. Рӯдакӣ назди бинои Вазорати адлияи ҶТ). Тел.: +992 (372) 21 89 47;

– соати 13.00 дар дар Хуҷанд (кӯч. Исмоили Сомонӣ, х. 52). Тел.: +992 (342) 26 02 22.

Дархост мешавад, ки бо дастурамали зина ба зинаи видеоӣ дар бораи бақайдгирӣ бодиққат шинос шавед.

Қобили зикр аст, ки соли хониши 2022-2023 аз Тоҷикистон 750 довталаб ба макотиби олии Русия дохил шуда метавонанд. Ин миқдор яке аз сершумортарин квотаҳо мебошад, ки аз ҷониби ҳукумати Русия ҷудо карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...