Бокс: Пирӯзии боз як муштзани тоҷик дар даври аввали чемпионати ҷаҳон

Asia-Plus

Дар шаҳри Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо ҷараён дорад.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 28 октябр се варзишгарамон ба ринг баромаданд – дар вазни 57кг Хусравхон Раҳимов муқобили Йилмар Гонзалез (Колумбия), дар вазни 67кг Саидикром Амонов муқобили Мартин Скогейм (Норвегия) ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов муқобили Элли Очола (Кения).

Аз миёни онҳо танҳо ба Ҷаҳон Қурбонов муяссар шуд, ки ба даври дигар барояд. Ӯ дар даври дуюм ҳарифи кениягиашро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд. Ҳар ду дар даври аввал озод буданд. Акнун Ҷаҳон дар даври сеюм 31 октябр бо Наренда аз Ҳиндустон муҳориба мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 26 октябр дар даври аввал Шаббос Негматуллоев дар вазни -80кг бар намояндаи Олмон Силвио Сшерле пирӯз шуда буд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия 24 октябр оғоз шуд ва то 6 ноябр идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо 8 нафар дар ин мусобиқа ширкат доранд.

Имрӯз – 29 октябр шоҳиди маҳорати Абдураҳмон Ёқубов дар вазни 60кг бо Роланд Верес (Венгрия) ва Парвиз Каримов дар вазни 92кг бо Ҷамар Телей (ШМА) хоҳем шуд.

30 октябр аввалин қувваозмоиҳояшонро Баҳодур Усмонов бо Илия Шакиров (Россия) дар вазни 63.5кг ва Абдумалик Болтаев бо Сумит (Ҳиндустон) дар вазни 75кг анҷом медиҳанд. Инчунин Шаббос Негматуллоев дар рақобати дуюмаш бо Самуел Камара аз Сера Леон муҳориба мекунад.

Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн рақобат хоҳанд кард, ки дар таърихи чорабинӣ беназир аст.

Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор ва 25 ҳазор доллар қадрдонӣ мешанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...