Лукашенко пешниҳод намуд, ки ба Тоҷикистон бо техникаи ҳарбӣ кумак карда шавад

Asia-Plus

Президенти Беларус Александр Лукашенко зимни машварати имрӯзаи онлайнии сарони кишварҳои СПАД пешниҳод намуд, ки барои пешгирӣ аз такрори сенарияи рӯйдодҳои Қазоқистон, Тоҷикистон аз лиҳози низомӣ дастгирӣ шавад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Tsargrad. Ба гуфтаи вай, шиддат гирифтани вазъият водор мекунад, ки барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ иқдомоти муштарак роҳандозӣ шавад. “Фурсати муносибест, то ки […]

Президенти Беларус Александр Лукашенко зимни машварати имрӯзаи онлайнии сарони кишварҳои СПАД пешниҳод намуд, ки барои пешгирӣ аз такрори сенарияи рӯйдодҳои Қазоқистон, Тоҷикистон аз лиҳози низомӣ дастгирӣ шавад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Tsargrad.

Ба гуфтаи вай, шиддат гирифтани вазъият водор мекунад, ки барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ иқдомоти муштарак роҳандозӣ шавад.

“Фурсати муносибест, то ки ҳоло ҷамъ омада, каме дар бораи Тоҷикистон сӯҳбат кунем. Солҳост, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мо кумаки моддӣ бо техникаи низомӣ дархост мекунад.

Бояд ин корро кунем, зеро баъдан ба мо гаронтар меафтад, чуноне ки бо Қазоқистон – техникаи зиёдеро тариқи қариб 200 парвоз интиқол додем, хушбахтона, Русия розӣ шуд.

Намехостам, ки дар Тоҷикистон низ воқеаҳо чунин сурат гиранд. Беҳтараш ӯ ҳозир дар он ҷо ин мушкилотро ҳал кунад”, – изҳор дошт вай.

Ба гуфтаи Лукашенко, дар вақташ маҳз Эмомалӣ Раҳмон аз лонаҳои хуфтаи террористон дар Қазоқистон ҳушдор дода буд.

“Аз Ғарбу Амрико шарм кардан лозим нест. Гирду атрофро нигоҳ мекунем. Вақте ки онҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, дар бораи демократия фикр намекунанд. Моро ҳам лозим аст, ки инро ба инобат бигирем. Дар Ғарб вазъиятро пайгирӣ мекунанд. Ду рӯз мунтазир шуда, сипас изҳороти сершуморе дар бораи демократияву озодӣ ва ғайра пахш шуд. СПАД нақшаҳои онҳоро барбод дод”, – гуфт ӯ.

Тавре ки хабаргузории БелТА менависад ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки эътирозгарон дар Қазоқистонро лозим аст, ки “раванду ба зону зада, аз низомиён маъзарат бихоҳанд” ва бо сарвари давлат Қосим-Жомарт Токаев ба гуфтушунид пардозанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.