Ду нафар аз захмиҳои таркиши “Оби шифобахш” даргузаштанд, вазъи 4 нафари дигар вахим аст

Ду тан аз захмиёни таркиши гази «пропан» дар «Оби шифобахш» – и шаҳри Ваҳдат, ба ҳалокат расида, вазъи саломатии 4 нафари дигар вахим гуфта мешавад. Ду нафаре, ки даргузаштанд сокинони шаҳри Душанбе гуфта мешаванд. Толибҷон Ҳайдаров пизишки эҳёгари шуъбаи наҷот аз сӯхтори беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» хабари даргузашти ду нафарро таъйид кард ва аз фавтидагон Муродалӣ Зайниддинов Абдураҳмон […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ду тан аз захмиёни таркиши гази «пропан» дар «Оби шифобахш» – и шаҳри Ваҳдат, ба ҳалокат расида, вазъи саломатии 4 нафари дигар вахим гуфта мешавад. Ду нафаре, ки даргузаштанд сокинони шаҳри Душанбе гуфта мешаванд.

Толибҷон Ҳайдаров пизишки эҳёгари шуъбаи наҷот аз сӯхтори беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» хабари даргузашти ду нафарро таъйид кард ва аз фавтидагон Муродалӣ Зайниддинов Абдураҳмон Муҳаммадсоҳибови 27-сола ном бурд. Ба гуфтаи ин пизиш, ин ду нафар аз таркиш 90 дарсади баданашон сӯхта буд, ки рӯзи 7 январ дар беморхона даргузаштанд.

«Рӯзи 3-юми январ 6 нафар бемор бо ҷароҳатҳои вазнини сӯхтор, соати 11-и шаб ба беморхона интиқол дода шуданд. Дар натиҷаи таркиш, беш аз 90 дарсади бадани онҳо сӯхта буд. Барои наҷоти онҳо тамоми чораҳои зарурии тиббӣ андешида шуд. Вале мутаассифона ду нафари онҳо ки хеле ҷвон буданд, рӯзи 7 январ ба ҳалокат расиданд», – гуфт пизишки эҳёгар. 

Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки вазъи саломатии 4 нафари дигари онҳо низ вазнин буда, бадани онҳо низ беш аз 90 дарсад осеб дидааст.

Синну соли ин осебдидаҳо 26, 35, 32 ва 46-сола ва ҳамаи онҳо мард гуфта мешавад.

– Табибон барои наҷоти ҷони онҳо тамоми корҳоро карда истодаанд, то онҳоро аз доми марг наҷот диҳанд. Ҳарчанд ҷароҳати гирифтаи беморон вахим аст, аммо умед аст то онҳо шифо ёбанд, – гуфт Толибҷон Ҳайдаров. 

Ҳодисаи таркиши гази "пропан" рӯзи 3-юми январ дар  Маркази табобатиии «Оби шифобахш»-и  шаҳри Ваҳдат  аз газе, дар таркиби оби мазкур мавҷуд будааст, ба амал омада буд, кит дар натиҷаи он 6 нафар  ҷароҳат  бардоштааанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз таркиши ногаҳонӣ дар деҳаи Чилламазори ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат  хабар дода гуфта буд, ки чанд ҷойи бадани онҳо сӯхтааст. Аммо маълум нест, ки ин шаш нафар беморон буданд ва ё шаҳрвандони солим. 

Табибони шуъбаи наҷоти сӯхтор низ гуфтанд, ки барои онҳо низ маълум нест, ки ҷароҳатбардоштагон аз шумули беморон буданд ё не. 

Гуфта мешавад, ки мутахассисони Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии КҲФ ҳамроҳ бо намояндагони прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои муайян намудани сабаби ин таркиш ва ташхиси таркиби оби шифо вориди ин Маркази табобатӣ гардида, муайян кардаанд, ки дар таркиби оби шифои табобатгоҳ гази “пропан” мавҷуд будааст. Ҳамчунин ин мутахассисон иллати таркишро комилан таҳқиқ мекунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.