Раиси ВМКБ: 66%-и буҷети вилоят дар соли дар соли 2021 мусоидати молии ҳукумат аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар соли 2021 ҳаҷми буҷети давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 328 млн сомонӣ (29 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар дод раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият.

Ӯ зикр кард, ки 218 млн сомонӣ ё худ 66% аз ин маблағро кумакпулии ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил дода, 112 млн сомонӣ ё худ 34%-аш маблағҳои худии минтақа мебошанд.

“Бо вуҷуди мушкилиҳои сиёсиву иқтисодӣ, ВМКБ зери таваҷҷуҳи доимии ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”, – изҳор дошт роҳбари минтақа, ки иқтибосҳое аз гуфтаҳои ӯ имрӯз, 19 январ дар гузориши шабакаи телевизионии маҳаллии “Бадахшон” садо доданд.

Ин чӣ дастгириест?

Кумакпулӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ҳамасола ба буҷетҳои маҳаллии ҳамаи минтақаҳои кишвар, ба ҷуз вилояти Суғди худкифо ҷудо карда мешаванд.

Ин маблағҳо танҳо ба фонди музди меҳнати буҷетҳои маҳаллӣ равона мегарданд, яъне барои пардохти музди меҳнати кормандоне, ки хидматрасониҳои давлатиро дар минтақаҳо иҷро мекунанд.

Ба ин тариқ, солли 2021 барои буҷети вилояти Хатлон зиёда аз 613,3 млн сомонӣ кумакпулӣ пешбинӣ гардида буд, ки қариб се баробар зиёдтар аз ҳаҷми дастгирии буҷети ВМКБ мебошад.

Ҳаҷми умумии кумакпулӣ ба шаҳру навоҳии тобеи марказ дар соли гузашта 328,8 млн сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки 52% бештар нисбат ба буҷети ВМКБ аст.

Ҳаҷми умумии кумакпулӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ дар соли ҷорӣ зиёда аз 1 млрд 142 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла 53,7%-и ин маблағҳо ба буҷети вилояти Хатлон, 27,6% – ба буҷети Ноҳияҳои тобеи марказ ва 18,7% – ба буҷети ВМКБ ҷудо карда мешаванд.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳамла ба донишгоҳҳои Эрон ва ҳушдори Сипоҳ. Даргирӣ дар Ховари Миёна вориди моҳи дуюм шуд

Бо шуруъи моҳи дуюми ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ҷанг кулли Ховари Миёнаро фаро гирифтааст. Амрикову Исроил дар шабонарӯзи гузашта ба чанд шаҳри Эрон,...

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.