Туман кори муқаррарии фурудгоҳи Душанберо халалдор кард

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бар асари тумани ғализ, ки шаби имрӯз фазои пойтахти Тоҷикистонро фаро гирифт, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе қабули ҳавопаймоҳоро қатъ кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова.

То ин дам фурудгоҳ ҳавопаймоҳои се хатсайр аз Маскав ба Душанберо қабул карда натавониста, онҳо ба фурудгоҳи наздиктарин – шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон фиристода шуданд.

Аз ҷумла инҳо ҳавопаймоҳои ширкати UtAir бо хатсайри UT803 аз Маскав (Внуково) ба Душанбе, ҳавопаймои “Сомон Эйр” – аз фурудгоҳи “Домодедово” ва ҳавопаймои “Уральские  авиалинии” аз фурудгоҳи “Жуковский” мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти лавҳаи онлайнӣ дар сомонаи ФБД, айни замон иҷрои ду парвоз аз Маскав ва яктои дигар аз Нижний Новгороди ширкати flyDubai ба таъхир афтодааст.

Ба гуфтаи Ҳусейнова, пас аз соф шудани обуҳаво фурудгоҳ ба кори муқаррарии худ мепардозад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.