Ҳалокати се нафар дар Суғд бар асари садамаи нақлиёт

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиёт, ки 20 январ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ рух дод, се нафар ҳалок ва се каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса рӯзи 20 январ дар роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ғафуров рух додааст. "Ронандаи автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz, сокини 28-солаи Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа […]

Бар асари садамаи нақлиёт, ки 20 январ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ рух дод, се нафар ҳалок ва се каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса рӯзи 20 январ дар роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ғафуров рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz, сокини 28-солаи Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа он ба автомашинаи ҳамин тамға зери идораи сокини 29-солаи Конибодом бармехӯрад", – омадааст дар хабаримаркази матбуоти Вазорат.

Гуфта мешавад, бар асари ин садама се нафар мусофири автомашинаи сокини Исфара, як марду ду зан ба ҳалокат расидаанд.

Зикр мегардад, ки ронандагони ҳар ду автомашина ва боз як мусофири дигар ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.