Ҳукумати Тоҷикистон аз сатҳи 8%-и рушди иқтисод дар соли 2022 интизорӣ дорад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар дастур дод, ки дар соли 2022 суръати рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин кунад. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷлиси васеи ҳукумат рӯзи 20 январ президент зикр кард, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муайяншуда, барои ташаккули имконияту захираҳои […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар дастур дод, ки дар соли 2022 суръати рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин кунад.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷлиси васеи ҳукумат рӯзи 20 январ президент зикр кард, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муайяншуда, барои ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, татбиқи «иқтисоди сабз» ва дар соли 2022 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намудани суръати рушди иқтисоди кишвар бояд тамоми иқтидору имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода гарданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2021 зикр кард, ки “сарфи назар аз вазъияти мураккаб бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, ки вазъияти молиявии давлатҳои ҳамшарики тиҷоратӣ ва воридоти молу маҳсулотро маҳдуд намуд, соли 2021 тамоюли рушди гардиши савдои хориҷӣ таъмин гардида, тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат имконият фароҳам овард, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2020 – 39,5 фоиз афзоиш ёбад”.

Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 98,9 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 9,2 фоизро ташкил намуд.

Бахшҳои асосие, ки ба рушди иқтисод дар соли гузашта мусоидат намуданд, чун солҳои пешин бахши кишоварзӣ ва саноат маҳсуб меёбад, ки зиёда аз 40%-и ММД-кишварро таъмин карданд.

Агар ба рақамҳои расмӣ бовар кунем, соли гузашта Тоҷикистон ба рушди баландтарини иқтисод пас аз соли 20004 (10,3%) даст ёфт.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, коҳиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2022 то 5,5% ва дар соли 2023 – то 4,5% пешгӯӣ мекунанд.

Таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ тақвияти ташаннуҷи геополитикӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла эҳтимоли “шиддати низоъ дар Украина ё миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон”-ро аз эҳтимол дур намедонанд, ки метавонад ба бозори молиявии минтақа фишор оварад.

Пешгӯии коршиносони Бонки авруосиёии рушд нисбатан хушбинона буда, рушди иқтисоди ҷумҳуриро дар соли равон дар сатҳи 7,9% пешбинӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?